Мутобиқи қонунгузорӣ тамоми корхонаҳо, ташкилотҳо, муассисаҳо ва умуман ҳамаи субъектҳои истеҳсоливу ғайриистеҳсолӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон бояб ба мақомоти оморӣ ҳисоботи заруриро саривақт, пурра ва ба таври дақиқ пешниҳод намоянд.

Эмомалӣ Раҳмон

Шарҳи мухтасари методологӣ

Омори гендерӣ қисми таркибии ҳар кадоме аз соҳаҳои анъанавии омор мебошад ва барои ҳаммонандсозӣ, таҳия ва паҳн намудани маълумоти оморӣ, ки ҳаёти воқеии занону мардонро инъикос намуда, ҳангоми таҳияи сиёсати гендерӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд, хизмат менамояд.

Омори гендерӣ на танҳо маълумотҳоро бо тақсимбандӣ аз рӯи аломати ҷинсӣ ҷамъ меоварад, балки муносибатҳои байни занону мардонро муайян намуда, ба масъалаҳои мавҷудият ва истифодаи нишондиҳандаҳои мазкур дахл менамояд. 

На мардон ва на занон гурӯҳҳои якхела нестанд: бинобар фарқиятҳои иқтисодӣ, ҷуғрофиёӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, шахсони алоҳидаи ҳар ҷинс дар муқоиса нисбати дигарон метавонанд осебпазиртар бошанд. 

Истилоҳи «гендер» истилоҳи «ҷинс»-ро, ки фақат ба фарқияти биологии байни занону мардон дахл дорад, иваз наменамояд. Хусусиятҳое, ки ба ҷинс алоқаманданд, умумӣ (универсалӣ) ва тағйирнаёбанда ҳастанд. Дар фарқият бо ҷинс, омили гендерӣ муносибатҳои иҷтимоии байни занону мардонро муайян менамояд, ки метавонад бо таъсири сиёсӣ, иқтисодӣ ё ичтимоӣ тағйир ёбад. 

Омори гендерӣ дар худ на танҳо тартиб додани маълумотҳои омориро дар бораи занон ифода менамояд, балки аз тақсимотбандии оддии маълумоти омории аз рӯи ҷинс мафҳуми нисбатан бештареро мефаҳмонад. Тартиб додани оморе, ки ҷанбаҳои гендериро аз рӯи меъёри муштарак инъикос менамояд, пешбинӣ менамояд, ки тамоми маълумотҳои оморӣ бояд бо назардошти воқеиятҳои мухталифи иҷтимоию иқтисодии занон ва мардон дар сатҳи ҷомеа мураттаб гарданд. Ин чунин маънӣ дорад, ки ҳамаи маълумоти оморӣ (ҳам маълумоте, ки ба шахсони алоҳида дахл дорад, ва ҳам маълумоте, ки ба онҳо дахл надорад) бояд бо назардошти омилҳои гендерие, ки ба мардон ва занон таъсири гуногун мерасонанд, ҷамъоварӣ, хулоса ва таҳлил карда шаванд. 
Ҳамин тавр, барои ба вуҷуд овардани тасаввуроти дақиқ, зарур аст, ки минбаъд онҳо аз рӯи синну сол, навъи ҷойгиршавӣ, дараҷаи маълумот, шуғл, мансубияти этникӣ ва дигар омилҳо тақсимбандӣ карда шаванд. 

Қайд кардан бамаврид аст, ки омили гендерӣ фарқияти сохторие мебошад, ки ба тамоми аҳолӣ таъсир мерасонад. На занон ва на мардонро дар байни чунин гурӯҳҳо ҳамчун ягон гурӯҳи махсус баррасӣ кардан лозим нест. Ғайр аз ин, омили гендерӣ на танҳо ба ҳамдигарнофаҳмӣ ва осебпазирии дигар фарқиятҳои сохторӣ, ба мисли нажод, мансубияти этникӣ, дараҷаи некӯаҳволии иҷтимоӣ, синну сол, маъюбӣ, тамоюлоти сексуалӣ ва ғайра бавуҷудоварда таъсир мерасонад, балки аксаран онҳоро шадид мегардонад, 

Таҳияи омори гендерӣ барои беҳтаршавии тамоми низоми ҷамъоварӣ ва истифодаи маълумоти расмӣ хизмат мерасонад. Инҳо фаро гирифта мешаванд: 
• таъмини он ки омор барои тарафҳои манфиатдор рӯзмарра ва манфиатнок мебошад;
• таҳлили усулҳои мавҷудаи ҷамъоварии маълумотҳо бо мақсади аз байн бурдани оқибатҳои имконпазири ҷойивазкунии гендерӣ ё пешниҳод намудани маълумоти яктарафа танҳо оид ба занон ё танҳо оид ба мардон;
• мутобиқсозии ҷамъоварӣ, ҳифз, таҳлил ва паҳн намудани маълумот;
• беҳтар намудани ҳамоҳангсозӣ дар байни таҳиякунандагони маълумот; 
• татбиқи стандартҳои байналхалқӣ ва методикаҳои оморӣ;
• такмилдиҳии таҳлили маълумоти оморӣ, пешниҳод кардан, паҳн намудан ва истифодаи онҳо;
• татбиқи маҷмӯаҳои нави оморӣ барои қонеъ намудани талаботи истифодабарандагони маълумот 

Ба нишондиҳандаҳои гендерӣ вазифаи махсус – муайян намудани тағйирот дар ҷомеа вобаста ба ҳолати гендерӣ дар ҷараёни вақт хос мебошад. Манфиат аз нишондиҳандаҳо ба қобилияти тағйироти мақому нақши занону мардонро дар ҷараёни вақт нишон додани онҳо вобаста буда, ҳамин тавр чунин андозагириро ифода менамояд: оё ҳадафи одилонаи гендерӣ дастрас мешавад? 

Стратегияи асосии ба нишондиҳандаҳои гендерии ҳассос асосёфта аз истифодаи якҷояи усулҳои миқдорӣ ва сифатӣ барои андозагирии тағйирот дар мақоми гендерии ҷомеа, ки бо мурури замон иҷро гардидааст, иборат мебошад. 

Таҳлили гендерӣ воситаи ҳамгароии проблематикаи гендерӣ дар сиёсат ва барномаи давлатӣ буда, ҳам барои фаҳмидани шароитҳое, ки дар онҳо барномаҳои маҳаллии давлатӣ ё сиёсатмадорон амал менамоянд, ҳам барои дастгирии барбарии гендерӣ ниҳоят зарур аст. Таҳлили мазкур ба усулҳое дахл дорад, ки метавонанд, барои ҳаммонандсозӣ ва фаҳмонда додани оқибатҳои иҷтимоию иқтисодии нобаробарии гендерӣ, фарқиятҳою муносибатҳои гандерӣ истифода бурда шаванд, то ки баъдан чунин фарқиятҳо бо кӯмаки дахолатҳо, сиёсатҳо ва барномаҳои муайян сабуктар гарданд.