Дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ баҳисобгирии оморӣ, бояд ҳатмӣ, пурра ва бе нуқсон амалӣ гардад. Мақомоти давлатӣ дар ин бобат ва ҳамчунин ҷиҳати ба стандартҳои байналхалқӣ мутобиқ будани ҳисоботи муҳосибавӣ бояд тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар бораи лоиҳаи “ Навкунии низоми миллии омор дар Тоҷикистон”

Стратегияи миллии рушди омор барои давраи то соли 2030 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019, №585 тасдиқ гардид.

28 майи соли 2021 аз ҷониби Шӯрои  директорони Бонки Ҷаҳонӣ ба андозаи 10 млн.доллари ИМА ҳамчун грант аз ҳисоби маблағҳои Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ҷиҳати татбиқи лоиҳаи навкунии низоми миллии омор дар Тоҷикистон қобили қабул дониста шуд.

25 июни соли 2021 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № 196 дар бораи дасстгирии созишномаи грантӣ оид ба маблағгузории Лоиҳаи “ Навкунии низоми миллии омор дар Тоҷикистон” байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд, ба тавсиб расид.

Қарори Маҷлиси намояндагони маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тасдиқи Созишномаи грантии Лоиҳаи “ Навкунии низоми миллии омор дар Тоҷикистон” 30 июни соли 2021, № 472 ба тавсиб расид.

Самаранокии лоиҳа бошад санаи 18 ноябри соли 2021 оғоз гардид.

Муассисаи татбиқкунандаи лоиҳа: Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Мақсади татбиқи лоиҳаи мазкур ин фароҳам овардани имконияти бештар ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати навкунии маълумотҳои оморӣ, паҳнкунӣ ва беҳтар кардани алоқамндӣ миёни истифодабарандагони маълумоти оморӣ мебошад.

Лоиҳаи “ Навкунии низоми миллии омор дар Тоҷикистон” ба татбиқи бандҳои асосии Стратегияи миллии омор барои давраи то соли 2030, устувор намудани қобилияти касбии кормандон дар низоми миллии омор нигаронида шудааст.

ҚИСМАТҲОИ АСОСИИ ЛОИҲА:

Қисмати 1: Мустаҳкамнамоии иқтидори инстутсионалии Агентии омор ва беҳтарнамоии инфрасохтори техналогияҳои информатсионӣ ва коммуникатсионӣ

Қисмати2: Устуворкунии низоми маълумотҳои оморӣ, паҳнкунӣ ва истифодаи маълумот

Қисмати 3: Идоракунии лоиҳа

-Нақшаи идоракунии муҳити экологию иҷтимоӣ.pdf

-Нақшаи ҳамкориҳои мутақобила бо тарафҳои манфиатдор.pdf

-Равиши ба танзимдарории муносибатҳои меҳнатӣ.pdf