Дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ баҳисобгирии оморӣ, бояд ҳатмӣ, пурра ва бе нуқсон амалӣ гардад. Мақомоти давлатӣ дар ин бобат ва ҳамчунин ҷиҳати ба стандартҳои байналхалқӣ мутобиқ будани ҳисоботи муҳосибавӣ бояд тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Барномаи фарҳангӣ дар варзишгоҳи «Ҷавонӣ»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба муносибати таҷлили бошукуҳи  30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи  9 сентябри соли 2021 дар варзишгоҳи «Ҷавонӣ»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов  барномаи фарҳангии театрикунонидашуда доир гардид.

Дар чорабинии мазкур раиси ноҳия муҳтарам Қудратзода Тоҳир Толибӣ, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳасанзода Гулнора Кенҷа, намоянда аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд муҳтарам Накҳатзода Ҳокимбек Киромиддин иштирок намуда, ҳозиринро бо муносибати 30-юмин солгарди Истқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд.

Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи иштирокчиён ва дар симои онҳо тамоми мардуми сарбаланди ноҳияи Ҷаббор Расуловро ба ин ҷашни муқаддас самимона табрик намуданд.

Зимни баромад қайд намуданд, ки имрӯзҳо дар сар то сари ҷумҳурии азизамон ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардида истодааст.

Бо ҳидоятҳои неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки саршор аз садоқату муҳаббат ба Ватан аст. Тоҷикистони азиз дар ҳама соҳаҳо ба фатҳу нусрат соҳиб мегардад. Мардуми шарифи кишвар имрӯз дар партави ин сиёсати хирадмандона бо руҳбаландию ифтихори зиёд ва бо як ҷаҳон орзуҳои нек ҷашни Истиқлолиятро истиқбол мегиранд.
Ҳамчунин оид ба дастовардҳои замони истиқлол дар тамоми самтҳои давлатдорӣ, сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёти кишварро ба самъи ҳозирин расониданд.

Баъд аз табрикот баҳри болидахотирии иштирокчиён аз тарафи аҳли фарҳанги ноҳия барномаи фарҳангӣ пешкаш гардид.

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон поянда бод!

Нашр шудааст: 10.09.2021