Дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ баҳисобгирии оморӣ, бояд ҳатмӣ, пурра ва бе нуқсон амалӣ гардад. Мақомоти давлатӣ дар ин бобат ва ҳамчунин ҷиҳати ба стандартҳои байналхалқӣ мутобиқ будани ҳисоботи муҳосибавӣ бояд тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷаласаи васеи мушовара Агентии омор

13 апрели соли 2018 дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи мушовараи Агентии омор «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2018 ва вазифаҳои минбаъда то анҷоми соли 2018» бо иштироки сардорони Сарраёсатҳои Агентӣ дар вилоятҳо, ш. Душанбе, сардорони мақомоти омори шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва раёсату шуъба (бахш)-ҳои дастгоҳи марказӣ ва Муассисаи давлатии «Маркази кулли ҳисоббарорӣ»-и  Агентӣ баргузор гардид. Ҳамчунин, дар кори ҷаласаи васеи мушовара намояндагони вазорату идораҳо низ ширкат варзиданд. 

Маҷлиси мушовараро Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Г.К. ифтитоҳ намуд. Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2018, ки «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидааст, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017, фармонҳо, супоришҳо, дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои омор ва барномаю нақшаҳои иқтисодию иҷтимоиро сармашқи кори худ қарор дода, маҷмӯи тадбирҳои ҳадафнокро роҳандозӣ намуда, дар семоҳаи якуми соли 2018 ба як қатор нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардид.
 
Сипас маърӯзаи муфассал оид ба ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2018 ва вазифаҳои минбаъда барои соли 2018 аз ҷониби муовини аввали Директори Агентӣ Шокирзода Шодмон қироат гардид.
 
Қайд карда шуд, ки Барномаи тасдиқкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи корҳои оморӣ барои соли 2018” ва вазифаҳои дар назди мақомоти омор дар семоҳаи якуми соли 2018 гузошташударо пурра иҷро гардиданд. Бояд қайд намуд, ки дар ин давра ба Агентии омор 141 қонуну - қарорҳо, 69 супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 383 мактубҳои вазорату идораҳо, 83 мактубҳо аз мақомоти маҳаллии омор, 32 мактубҳо ба воситаи Ҳукумати электронӣ ва почтаи электронии Агентӣ ва 4 муроҷиати шаҳрвандон бо таври хаттӣ ворид шудаанд, ки мавриди корбарӣ қарор гирифта, сари вақт иҷро ва мувофиқи дархостҳо ҷавобҳои дахлдор фиристода шуданд.
 
Дар семоҳаи якуми соли 2018 дар маҷмуъ 3,1 ҳазор корҳои оморӣ иҷро карда шуданд, ки таъмини иҷрои корҳои дар ин давра банақшагирифташударо ташкил медиҳад.
 
Илова ба ин тибқи Барномаи корҳои оморӣ дар семоҳаи якуми соли 2018, 7 маҷмӯаи оморӣ, 57 буллетени оморӣ, 6 маълумот, 11 иттилооти таъҷилӣ ва 22 гузоришҳои оморӣ омода ва нашр карда шуданд.
 
Мавриди зикр аст, ки дар доираи Лоиҳаи “Татбиқи Стратегияи миллии рушди омор” такмили сомонаи Агентӣ дар робита ба қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардид, ки аз моҳи майи соли 2018 мавриди истифода қарор дода мешавад.
 
Сипас дар давоми ҷаласа ҳисоботи сардорони Сарраёсатҳои Агентӣ дар вилоятҳо ва Раёсату, шуъбаҳо ва бахшҳои Агентии омор дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шунида шуда, аз ҷониби Директори Агентӣ ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати маълумотҳои оморӣ, ҳамзамон воқеъбинона ва бо таҳлилҳои дақиқ муайян намудани ҳиссаи хоҷагиҳои аҳолӣ дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотҳои соҳаи кишоварзӣ ба роҳбарони мақомоти маҳаллии омор дастуру супоришҳои қатъӣ дода шуд. 
Нашр шудааст: 16.04.2018