Тибқи шартномаи ҳамкориҳои дуҷонибаи байни Агентии омор ва корхонаи муштараки (консортсиум) бо роҳбарии Ширкати Девстат рузҳои 22 - 26 январи соли 2018 ташрифи коршиноси байналмилаллӣ ҷаноби Миша Белкиндас барои таҳияи лоиҳаи нави Стратегияи миллии рушди омор барои соли 2018-2022 сурат гирифт.
Бо дастгирии ташкилотҳои байналмилаллии рушд барои таҳким бахшидани иқтидори системаи миллии омор дар самти ҷамъоварии нишондиҳандаҳои оморӣ, таҳлил, таъмини эътимоднокӣ ва саривақтии пешниҳоди маълумоти оморӣ оид ба рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар тадбирҳои зарури андешида мешаванд. Стратегияи нави миллии рушди омор ин сеюмин нақшаи стратегияи панҷсола хоҳад буд ва он дар асоси татбиқи бомуваффақияти Барномаи ягонаи бисёрсолаи омор дар солҳои 2005-2009 ва давомёбии татбиқи амалишавии Стратегияи миллии рушди омор дар солҳои 2015-2018 асос ёфтааст.
Мақсади асосии ташрифи коршиноси байналмиллалӣ ин пешниҳоди тавсияҳо ба коршиносони лоиҳа оид ба масъалаҳои асоси иборат буда, барои дар Стратегияи нави миллии рушди омор инъикос намудани он мусоидат менамояд. Ҳамзамон масъалаҳои асосии вобаста ба ҷамъоварии маълумот бо ҷонибҳои манфиатдор мавриди муҳокима қарор гирифт, ки дар таҳияи Стратегияи нави миллии рушди омор мавриди истифода қарор дода мешавад. Илова бар ин, ташрифи коршинос ба беҳтар намудани фаҳмиши нақши омори расмии миллӣ барои мустаҳкам намудани муносибатҳои Агентии омор бо мақомотҳои дахлдор, ки дар қабули қарорҳои сиёсӣ муаззаф мебошанд равона гардид.
Илова ба ин ҳадафи асосии коршиноси байналмилали муҳокимаи маводҳои пешакӣ (SWOT, арзёбии бахшҳои оморӣ ва пешниҳодҳо оид ба вазифаҳои Стратегияи нави миллии рушди омор) бо ҷонибҳои манфиатдор равона гардид. Масъалаҳои асосие, ки дар Стратегияи нави миллии рушди омор ба назар гирифта мешаванд аз қабили: ташакули маълумоти оморӣ, нишондиҳандаҳои Ҳадафҳои Рушди Устувор, маълумоти калон, маълумоти маъмурӣ ва дигарҳо иборат мебошанд. Ҳамзамон афзалиятҳои асоси барои омори соҳавӣ муайян карда шуд.
Коршиноси байналмилалӣ Миша Белкиндас бо намояндагони Бонки миллӣ, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Вазорати Маориф ва илм, Вазорати Тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохуриҳо гузаронида, оид ба масъалаҳои асосие, ки дар Стратегияи нави милли рушди омор пешбини карда мешаванд, мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар охири мулоқот аз ҷониби намояндагони вазорату идораҳои дар вохури иштирокдошта ба саволномаи пешакие, ки вобаста ба баҳодиҳии ҳолати ҳозираи маълумоти оморӣ, ки дар фаъолияти кори мавриди истифодабари қарор дода мешаванд ҷавобҳои мушаххас манзур карда шуд.
Инчунин бо намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд аз қабили: GIZ, FAO, UNDP, UNISEF, UNFPA ва Бонки Умумиҷаҳонӣ вохури сурат гирифт. Дар рафти мулоқот масъалаҳои вобаста ба такмили омор дар доираи лоиҳаҳои ҷории бо Агентии омор дар ҷараён қарор дошта ва ҳамзамон афзалиятҳо минбаъдаи дар Стратегияи навии миллии рушди омор барои солҳои 2018-2022 ба назар гирифташаванда, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар охир лоиҳаи сеюмини Барномаи Стратегияи миллии рушди омор таҳия карда шуд. Дар ин самт корҳо идома дорад.
Мақсади асосии Стратегияи миллии рушди омор (СМРО) барои солҳои 2018-2022 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудани нақшаву вазифаҳои омори расмӣ ва таҳия намудани харитаи роҳнамо барои рушди омори расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи 5 сол бо назардошти дурнамои то 2030 иборат мебошад.