8-уми январи соли 2019 дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи мушовараи Агентии омор «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳои минбаъда барои соли 2019» бо иштироки сардорони Сарраёсатҳои Агентӣ дар вилоятҳо, ш. Душанбе, сардорони мақомоти омори ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва раёсату шуъба (бахш)-ҳои Дастгоҳи марказӣ, Муассисаи давлатии «Маркази кулли ҳисоббарорӣ»-и Агентӣ ва даъватшудагон: сармутахассиси Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз вазорату кумитаҳо аз ҷумла: Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати кишоварзӣ, Вазорати энергетика ва захираҳои об, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Вазорати маориф ва илм, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи андоз, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Хадамоти гумрук, Хадамоти алоқа ва дигар иштирокдорон баргузор гардид.
Маҷлиси мушовараро Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа ифтитоҳ намуд. Мавсуф зикр намуд, ки соли сипаришуда барои Агентии омор, ҷиҳати ноил шудан ба дастовардҳо соли хуб буд. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин фармонҳо, супоришҳо, дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои омор ва барномаю нақшаҳои иқтисодию иҷтимоии фаъолияти худро ба роҳ монда вазифаҳои дар наздаш гузошташударо пурра иҷро кард.
Сипас муовини директори Агентӣ Давлатзода Қ. маърӯзаи пурраро оид ба ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омор дар соли 2018 бапуррагӣ қироат намуд.
Дар соли 2018 дар маҷмуъ 9,7 ҳазор корҳои оморӣ иҷро карда шуданд, ки таъмини иҷрои корҳои дар соли 2018 банақшагирифташударо ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, дар соли 2018 тибқи Барномаи корҳои оморӣ 13 таҳқиқотҳои интихобии оморӣ гузаронида шуд.
Дар соли 2018 ба Агентии омор 614 амру фармонҳо, қарорҳо, дастуру супоришҳо, нусха аз протоколи ҷаласаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаву чорабиниҳо, инчунин 5 қонуну қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1631 мактуб аз вазорату идораҳо, 325 мактуб аз мақомоти маҳаллии омор, 207 мактуб ба воситаи Ҳукумати электронӣ ва почтаи электронии Агентӣ ва 31 муроҷиати шаҳрвандон бо тарзи хаттӣ ворид шудаанд, ки мавриди корбарӣ қарор гирифта, саривақт иҷро ва мувофиқи дархостҳо ҷавобҳои дахлдор фиристода шуд.
Тибқи Барномаи корҳои оморӣ дар соли 2018 аз ҷониби Агентии омор 37 маҷмӯаҳои оморӣ, 207 буллетени оморӣ, 149 маълумоти оморӣ, 83 иттилооти таъҷилии оморӣ ва 76 гузоришҳои оморӣ омода ва нашр гардида, ба истифодабарандагони маълумотҳои оморӣ пешниҳод карда шуд.
Натиҷаҳои таҳқиқоти “Тиббӣ-Демографии Тоҷикистон 2017” (ТТДТ/2017) бо гурӯҳҳои техникӣ ва коршиносони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон муҳокима ва баррасӣ гардида, баъд аз хулосаи гурӯҳои техникӣ натиҷаҳои аввали таҳқиқоти “Тиббӣ-Демографии Тоҷикистон 2017” ҷамъбаст ва нашр карда шуд.
Муаррифии натиҷаҳои «Таҳқиқоти Тиббӣ-Демографии Тоҷикистон 2017» 14 декабри соли 2018 бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони вазорату идораҳо ва созмону ташкилотҳои байналмилалӣ гузаронида шуд.
Моҳи июни соли 2018 дар Агентии омор вобаста ба анҷомёбии лоиҳаи «Стратегияи миллии рушди омор», гранти ЕСASTAT, ки аз 29 майи соли 2015 шуруъ гардида 30-июни соли 2018 ба анҷом расид, конференсияи ҷамъбастӣ баргузор карда шуд.
Агентии омор дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Душанбе ва Норак корҳои аввалиндараҷаи тайёрӣ барои гузаронидани барӯйхатгирии санҷишии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муҳлатҳои муайяншуда ба анҷом расонид.
Сипас дар давоми ҷаласа ҳисоботи сардорони Сарраёсатҳои Агентӣ дар вилоятҳо ва Раёсатҳо, шуъбаҳо ва бахшҳои Агентии омор дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шунида шуда, аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати фаъолият дастуру тавсияҳои судманд дода шуданд.
Дар ҷараёни ҷаласаи мушовара фикру андешаи меҳмонон аз дигар вазорату идораҳо низ шунида шуд.
Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа ба ҳамаи ҳозирин ҷиҳати ширкат ва ибрози нуқтаи назарашон доир ба ҳамкорӣ бо Агентӣ изҳори сипос намуд. Дар охири кори ҷаласа ба мақомоти омори маҳаллӣ ҷиҳати бопуррагӣ ва дақиқ баҳисоб гирифтани нишондиҳандаҳои соҳаҳои гуногун супоришҳои қатъӣ дода шуд