15-уми октябри соли 2019 дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи мушовараи Агентии омор “Дар бораи натиҷаҳои фаъолияти мақомоти омор дар нуҳ моҳи соли 2019 ва иҷрои вазифаҳо то охири соли 2019” бо иштироки сардорони Сарраёсатҳои Агентӣ дар вилоятҳо, шаҳри Душанбе, сардорони мақомоти омори ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва раёсату шуъба (бахш)-ҳои Дастгоҳи марказӣ, Муассисаи давлатии «Маркази кулли ҳисоббарорӣ»-и Агентӣ, инчунин намояндагони вазорату идораҳо, аз ҷумла: вазоратҳои кишоварзӣ, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Кумитаи рушди сайёҳӣ ва Кумитаи рушди маҳал баргузор гардид.
Ҷаласаро Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳасанзода Гулнора Кенҷа ҳусни оғоз бахшида, қайд карданд, ки мақомоти омори давлатӣ дар нуҳ моҳи соли 2019 ба як қатор нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардид.
Сипас, Муовини якуми Директори Агентӣ Шокирзода Шодмон Шариф пурра оид ба ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омори давлатӣ дар нуҳ моҳи соли 2019 баромад намуда, қайд карданд, ки мақомоти омор фаъолияти худро дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат, фармонҳо, дастуру супоришҳои Сарвари давлат, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои омор ва барномаю нақшаҳои иқтисодию иҷтимоиро ба роҳ монда, Барномаҳои тасдиқкардаи Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба корҳои оморӣ ва вазифаҳои дар назди мақомот гузошташударо дар муҳлатҳои пешбинишуда пурра ва бо сифат иҷро намуд.
Зикр гардид, ки дар нуҳ моҳи соли 2019 -ум 7.4 ҳазор корҳои оморӣ ба анҷом расонида шуда, тибқи барномаи корҳои оморӣ 27 маҷмӯаи оморӣ, 169 буллетени оморӣ, 65 маълумот, 36 иттилооти таъҷилӣ ва 48 гузоришҳои оморӣ омода ва нашр карда шуданд.
Мукотиботи Агентии омор аз рӯи ҷамъбасти нуҳ моҳаи соли 2019 нишон дод, ки дар ин давра ба Агентӣ 2570 маводҳои ҳуҷҷатнигорӣ: аз онҳо 669 амру фармонҳо, қарорҳо, дастуру супоришҳо, нусха аз протоколи ҷаласаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақша чорабиниҳо, инчунин 38 қонуну қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1292 мактуб аз вазорату идораҳо, 228 мактуб аз мақомоти маҳаллии омор, 348 мактуб ба воситаи ҳукумати электронӣ ва почтаи электронии Агентӣ ва 42 муроҷиати шаҳрвандон бо тарзи хаттӣ ворид шудаанд, ки мавриди корбарӣ қарор гирифта, саривақт иҷро ва мувофиқи дархостҳо ҷавобҳои дахлдор фиристода шуданд.
Мавриди зикр аст, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, ҳамчунин Ҳадафи чоруми Стратегияи миллӣ – саноатикунонии мамлакат дар назди мақомоти омори давлатӣ низ мақсад ва вазифаҳои навро ҷиҳати фарогирии навгониҳо дар рушди ҳадафҳо гузошта, дар ин самт мақомоти омор саҳми худро гузошта истодааст.
Дар давоми ҷаласа ҳисоботи Сардори Сарраёсати Агентии омор дар ВМКБ, раёсат, шуъба ва бахшҳои Агентии омор дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шунида шуда, аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати фаъолияти корӣ дастуру тавсияҳои судманд дода шуданд.
Дар робита ба маърӯза ва баромадҳо намояндагони вазорату идораҳо ибрози андеша намуда, ба кори кормандони мақомоти омор баҳои қаноатбахш доданд.
Дар охири ҷаласа Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ҳасанзода Гулнора бо назардошти баррасии рӯзномаи ҷаласа ва баромадҳои роҳбарони мақомоти омори маҳаллӣ, дастуру супоришҳои мушаххас дода, сипас ҷаласаи мушовара қарори дахлдор қабул намуд.