14 декабр муаррифии натиҷаҳои «Таҳқиқоти Тиббӣ-Демографии Тоҷикистон 2017» шуда гузашт.
Зиёда аз 200 кормандони Агентии омор аз Сарраёсатҳои вилоятҳо, раёсатҳо ва шӯъбаҳои омори шаҳру ноҳияҳо, Муассисаи давлатии Маркази Кулли Ҳисоббарории Агентии омор, дар гузаронидани тадқиқот иштирок намуданд – дар баромади худ қайд намуд Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа ва ба ҳамаи кормандони мақомоти омори ҷумҳурӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин шарикон аз созмонҳои байналмиллалиро барои иштирок ва саҳм дар гузаронидани тадқиқоти бисёрҳам муҳим ва зарурӣ барои кишвар изҳори сипос ва миннатдорӣ намуд.
Таҳқиқоти Тиббӣ-Демографии Тоҷикистон бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шудааст. Гузаронидан ва натиҷаҳои таҳқиқот барои амалишавии Стратегияи милли рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 ва Барномаи ҳадафҳои рушди устувори СММ то соли 2030 кумак менамояд. Дар ин бора дар баромади худ қайд намуданд муовини сардори раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Гулмаҳмадзода.
Дар чорабинӣ ҳамчунин муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Қосимзода Идигул, Кордори Сафорати Иёллоти Муттаҳидаи Америка дар Тоҷикистон Кевин Коверт, Роҳбари намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) Лучано Калестини, иҷрокунандаи вазифаи Роҳбари намояндагии Хазинаи нуфуси СММ (ЮНФПА) Наргис Рахимова, намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ, Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (WHO), Барномаи озуқаи СММ (WFP) ва дигар созмонҳои байналмиллалӣ иштирок намуданд.
Чорабинӣ бо ташаббуси Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии молиявӣ ва техникии Агентии ИМА оид ба рущди байналмиллалӣ (USAID), Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) ва Хазинаи нуфуси СММ дар Тоҷикистон гузаронида шуд.
ТТДТ 2017 таҳқиқоти дуюми тиббӣ-демографӣ баъди соли 2012 мебошад ва нишондиҳандаҳои нави баҳодиҳии индкаторҳои асосии тиббӣ-демографиро дар бар мегирад.