Дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ баҳисобгирии оморӣ, бояд ҳатмӣ, пурра ва бе нуқсон амалӣ гардад. Мақомоти давлатӣ дар ин бобат ва ҳамчунин ҷиҳати ба стандартҳои байналхалқӣ мутобиқ будани ҳисоботи муҳосибавӣ бояд тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Тавсияҳо оид ба роҳҳои пешгирӣ аз коронавирус COVID-19

МУНТАЗАМ ДАСТ ШӮЕД

Мунтазам дастони худро бо ёрии маҳлулҳои спиртдор пок намоед ё бо собун шӯед.

Ин барои чӣ лозим аст?  Агар дар рӯи дастон вирус мавҷуд бошад, коркарди дастҳо бо ёрии маҳлулҳои спиртдор ё шустани онҳо бо собун онро нобуд месозад.

ДАР ҶОЙҲОИ ҶАМЪИЯТӢ ФОСИЛАРО РИОЯ НАМОЕД

Аз одамон дар масофаи на кам аз 1 метр дур истед, хусусан агар онҳо сулфа, зуком ва ё ҳарорати баланд дошта бошанд.

Ин барои чӣ лозим аст?  Одами гирифтор ба сирояти роҳҳои нафас, аз қабили COVID19COVID-19, ҳангоми сулфидан ва атса задан дар атрофи худ қатраҳои хурдтаринро паҳн мекунад, ки вирус доранд. Агар шумо ба ин гуна одам аз ҳад зиёд наздик бошед, метавонед ҳангоми нафас кашидани ҳаво бо вирус сироят ёбед.

АЗ РӮЙИ ИМКОН, БА ЧАШМОН, БИНӢ ВА ДАҲОНАТОН ДАСТ НАРАСОНЕД

Ин барои чӣ лозим аст?  Дастҳо ба бисёр сатҳҳое гуногун мерасанд, ки метавонанд вирус дошта бошанд. Бо дастони сироятдор ба чашмон, бинӣ ё даҳон расида, вирус имконияти аз пӯсти даст ба организм гузаштанро дорад.

ҚОИДАҲОИ ГИГИЕНА (ТОЗАГӢ)-И РОҲҲОИ НАФАСРО РИОЯ НАМОЕД

Ҳангоми сулфидан ва атса задан даҳону биниатонро бо дастмол ё оринҷи қатшуда пӯшонед; дарҳол пас аз ин дастмолро ба қуттии партови сарпӯшдор партоед ва дастонатонро бо маҳлули (антисептики) спиртдор коркард намоед ё бо собун шӯед.

Ин барои чӣ лозим аст?  Пӯшидани даҳон ва бинӣ ҳангоми сулфидан ва атсазанӣ имкон медиҳад паҳншавии вирус ва дигар микроорганизмҳои бемориовар пешгирӣ шавад. Агар ҳангоми сулфа ва атсазанӣ бинӣ ва даҳонро бо даст пӯшонед, микробҳо метавонанд ба дастони шумо ва пасон ба ашё ва одамоне гузаранд, ки шумо ба онҳо даст мерасонед.

ҲАНГОМИ БАЛАНДШАВИИ ТАБ,  ПАЙДОШАВИИ СУЛФА ВА НАФАСКАШИИ ДУШВОР ҲАРЧИ ЗУДТАР БАРОИ ЁРИИ ТИББӢ МУРОҶИАТ НАМОЕД

Агар шумо ба он мавзеъҳои Хитой сафар карда будед, ки дар онҳо COVID-19 ба қайд гирифта мешавад ё бо касе муошират кардаед, ки баъди сафар ба Хитой аломатҳои бемории роҳҳои нафасро дошт, дар ин хусус ба корманди тиб хабар диҳед.

Ин барои чӣ лозим аст?  Баландшавии таб, сулфа ва нафаскашии душвор муроҷиати бетаъхирро барои ёрии тиббӣ металабад, зеро онҳоро сирояти роҳҳои нафас ё дигар бемории ҷиддӣ ба миён оварда метавонад.

Аломатҳои осебёбии узвҳои нафас дар якҷоягӣ бо баландшавии таб метавонанд сабабҳои хеле гуногун дошта бошанд, ки дар байни онҳо вобаста ба сафарҳои шахс ва алоқаиӯ метавонад COVID-19 бошад.

ИТТИЛООТИ НАВТАРИНРО ПАЙГИРӢ НАМОЕД ВА ТАВСИЯҲОИ МУТАХАССИСОНИ СОҲАИ ТИБРО ИҶРО КУНЕД

Иттилооти навтаринро дар бораи COVID-19 пайгирӣ намоед. Тавсияҳои мутахассисон, мақомоти марказӣ ва маҳаллии тандурустии ҷамъиятӣ, ҳамчунин ташкилотҳоеро, ки дар онҳо шумо кор мекунед, оид ба ҳифзи худ ва атрофиён аз COVID-19 иҷро кунед.

Ин барои чӣ лозим аст?  Мақомоти марказӣ ва маҳаллии тандурустӣ иттилооти навтаринро дар бораи ҷараёни беморшавӣ бо COVID-19 дар минтақаи шумо доранд. Онҳо метавонанд тавсияҳои муносибтаринро доир ба чораҳои ҳимояи инфиродӣ барои сокинони минтақаи шумо пешкаш намоянд.

ЧОРАҲОИ ҲИФЗИ ИНФИРОДӢ БАРОИ ОНҲОЕ, КИ БА ҚАРИБӢ (ТАЙИ 14 РӮЗИ ОХИР) ДАР МАҲАЛҲОИ ПАҲНШАВИИ COVID-19 БУДАНД

  • ♣ Тавсияҳои дар боло арзшударо риоя намоед.
  • ♣ Агар шумо худро бад ҳис кунед, то шифо ёфтанатон дар хона бимонед, ҳатто агар аломатҳои беморӣ сабук, масалан, дар шакли дарди сар ва ё андак шамолхӯрӣ ифода ёфта бошанд.
    • Ин барои чӣ лозим аст? Аз алоқаҳо бо атрофиён даст кашида ва ба муассисаҳои табобатӣ нарафта, шумо ба ин муассисаҳо ёрӣ мерасонед, ки кори худро босамартар иҷро намоянд ва худу атрофиёнро аз сироятёбии эҳтимолӣ бо COVID-19 ва дигар сироятҳои вирусӣ ҳифз мекунед.
    • ♣ Агар шумо таби баланд, сулфа ё нафаскашии душвор дошта бошед, муроҷиатро барои ёрии тиббӣ ба таъхир наандозед, зеро аломатҳои мазкур метавонанд сирояти роҳҳои нафас ё дигар бемориҳои ҷиддӣ ба миён оварда бошанд. Аввал ба муассисаи тиббӣ занг занед ва дар бораи сафарҳои охирини худ ё алоқаҳоятон бо шахсони сафаркарда хабар диҳед.
    • Ин барои чӣ лозим аст?  Муроҷиат барои ёрии тиббӣ тариқи телефон ба мутахассисон имкон медиҳад, ки шуморо ба муассисаи табобатии муносиб равона намоянд. Ғайр аз ин, амали мазкур имкон медиҳад, ки паҳншавии эҳтимолии COVID-19 ва дигар сироятҳои вирусӣ пешгирӣ шавад.

БА ТУТ САВОЛ ДИҲЕД

Савол: Коронавируси навро ба назар гирифта, оё бояд аз дастфишурӣ даст кашем?

Ҷавоб: Бале. Вирусҳое, ки бемориҳои роҳҳои нафасро ба вуҷуд меоранд, метавонанд ҳангоми дастфишурӣ ё расидан ба чашмон, бинӣ, даҳон гузаронда шаванд. Вақти вохӯрӣ даст афшонед, сар ҷунбонед ё таъзим кунед.

Савол: Чӣ тавр ба одамон салом бояд дод, ки аз хавфи сироятёбӣ бо коронавируси нав эмин бошем?

Ҷавоб: Тарзи саломдиҳие, ки расиши ҷисмониро истисно мекунад, аз нигоҳи пешгирии COVID 19 аз ҳама бехавф мебошад. Вақте шумо даст меафшонед, сар меҷунбонед ё таъзим менамоед, шумо бо одамон бо усули бехаф вохӯрӣ мекунед.

Савол: Оё пӯшидани дастпӯшакҳои резинӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳамчун чораи пешгирӣ аз сирояти коронавируси нав натиҷаовар аст?

Ҷавоб: Не. Шумо аз COVID 19 ба андозаи бештар дар сурате ҳифз мешавед, ки аз дастпӯшакҳои резинӣ истифода накунед, аммо даст шӯед. Ангезандаи сирояти коронавируси COVID 19 метавонад дар дастпӯшакҳои резинӣ монад, пас аз ин ба рӯйи худ расида, шумо вирусро аз сатҳи дастпӯшак ба рӯй мегузаронед ва худро ба хатари сироят дучор мекунед.

ЧӢ ТАВР БА КӮДАК БОЯД ЁРӢ РАСОНД, КИ ҲОЛАТИ СТРЕССРО ДАР ШАРОИТИ ХУРӮҶИ COVID-19 ПАСИ САР КУНАД

Кӯдакон ба стресс (фишори равонӣ) ба таври гуногун вокуниш менамоянд: онҳо метавонанд суботкорона аз калонсолон диққат талаб намоянд, ташвишовар, камгапу канораҷӯй, қавоқӣ ё аз андоза зиёд серҳаракат шаванд, ба пешоб кардан дар бистар шуруъ намоянд ва ғайра.

Ба ин гуна вокунишҳои кӯдак посухи дилгармкунанда диҳед, фаҳмед, ки ӯро чӣ ташвиш медиҳад ва ӯро бо муҳаббату таваҷҷуҳ иҳота намоед.

Дар лаҳзаҳои душвор кӯдакон ба муҳаббат ва таваҷҷуҳ эҳтиёҷи хоса доранд. Бинобар ин кӯшиш кунед ин эҳсосотро аз ҳаррӯза бештар изҳор намоед.

Ба кӯдак гӯш диҳед, бо ӯ меҳрубон бошед ва ӯро дилбардорӣ кунед.

Ба хотири парешон кардани ҳуши кӯдак кӯшиш намоед барои вай бозиҳои нав ва машғулиятҳои шавқовар пешниҳод кунед.

Мувофиқи имкон, кӯдакон аз волидон ва дигар аъзоёни оила набояд ҷудо карда шаванд. Агар ин ғайриимкон бошад (масалан, дар сурати бистарӣ шудан дар беморхона), муоширати мунтазам бо аҳли оила (масалан, тариқи телефон) ва пешкаш кардани дастгирии зарурии маънавӣ ба кӯдакон зарур аст.

Кӯшиш кунед то ҳадди имкон бодиққат тартиб ё графики қабулшударо риоя намоед ё ин ки тағйирёбии шароитро ба назар гирифта, тартиби нави рӯзро ҷорӣ намоед, ки дар он барои таълими мактабӣ ё дигар, ҳамчунин бозиҳо ва истироҳат вақт пешбинӣ шуда бошад.

Ба кӯдак фаҳмонед, ки чӣ ҳодиса рӯй дод ва вазъият айни замон чӣ гуна аст, бо забони барояш фаҳмо нақл кунед, ки аз сироят худро чӣ тавр ҳифз намудан лозим аст.

Аз ҷумла оромона ба вай дар бораи инкишофи имконпазири воқеаҳо нақл намоед (масалан, яке аз аъзоёни оила ва/ё худи кӯдак метавонад нотобӣ ҳис намояд ва ба ӯ барои муддате ба беморхона рафтан лозим меояд, ки онҷо духтурон ба ӯ ёрӣ мерасонанд, ки шифо ёбад).

Нашр шудааст: 18.05.2020