Дар шароити муносибатҳои иқтисоди бозорӣ бе ҳисобу китоб, таҳлили натиҷаҳои кор ва ба нақша гирифтани имкониятҳо пешрафти мунтазамро таъмин намудан ғайриимкон мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Сафари кории Директори Агентии омор

Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №АП-1059 аз 22 майи соли 2018 ва супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №24/10 аз 17 апрели соли 2020 роҳбари гуруҳи кории ҳукуматӣ Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа бо мақсади тақвият бахшидани корҳои созандагию ободонӣ, вусъат бахшидани раванди корҳои баҳорӣ, андешидани чораҳои бетаъхиру самаранок бо ситодҳои кории ноҳиявӣ аз санаи 19 то 23 апрели соли 2020 дар ноҳияи Ҷаббор Расулов қарор доранд.

Ҳамзамон дар рафти сафари корӣ вобаста ба паҳншавии бемории корнавирус дар кишварҳои ҷаҳон, таъмини амнияти озуқаворӣ, захираи кофии маводи хурока дар фаслҳои тирамоҳу зимистон, пешгирии баландравии нарху наво дар бозорҳо, истифодаи оқилонаи заминҳои мавҷудаи корами хоҷагиҳо ва қитъаҳои хоҷагиҳои ёрирасони назди ҳавлигӣ, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими ҷашну маросимҳои миллӣ, расонидани кӯмак ба оилаҳои камбизоат, маъюбону пиронсолон дар Моҳи Шарифи Рамазон корҳои фаҳмондадиҳӣ ва вохӯриҳо бо мардум дар  сохторҳои маҳалии ноҳия ва мақомотҳои худидоракунии шаҳрак ва деҳоти ноҳияи Ҷаббор Расулов гузаронида мешавад.

 

Нашр шудааст: 21.04.2020