Дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ баҳисобгирии оморӣ, бояд ҳатмӣ, пурра ва бе нуқсон амалӣ гардад. Мақомоти давлатӣ дар ин бобат ва ҳамчунин ҷиҳати ба стандартҳои байналхалқӣ мутобиқ будани ҳисоботи муҳосибавӣ бояд тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Сафари кории Директори Агентии омор

Санаи 10 апрели соли 2021 дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо иштироки роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба таҳия ва амалӣ намудани нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа, раиси ноҳия Қудратзода Тоҳир Толибӣ ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд – муовини раиси вилоят Назирӣ Зариф Вализода маҷмааи хизматрасонии “Абусахӣ”-ро, ки аз тарафи соҳибкор Турақулов Акмал дар доираи таҷлили сазовори ҷашни 30 - солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардидааст, ба истифода доданд.

Дар маркази савдо ҳамагуна маҳсулоти ниёзи мардум, аз ҷумла маводҳои хурока, мевагиҳо, шириниҳо, маҳсулоти гушту ширӣ, маҳсулоти нонӣ ва дигар молҳои ниёзи мардум фаровон аст.

Лозим ба таъкид аст, ки иншооти мазкур ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти бунёди марказҳои хизматрасонии хуштарҳу замонавӣ ва ба ин васила таъсиси ҷойҳои нави корӣ бунёд гардидааст. Баъди мавриди истифода қарор гирифтани он 15 нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор шуданд.

Дар ҳамин ҷо,  бо 7 нафар ятмоне, ки бо амри тақдир аз падар ва модар ятим мондаанд, бо директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа суҳбату мулоқоти самимимона анҷом дода, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ, аз қабили сару либоси мактабӣ ва шириниҳо тақдим намуданд, ки боиси шодиву нишоти онҳо гардид.

Ҳангоми суҳбати озоду самимӣ ба онҳо таъкид доштанд, ки бо истифода аз шароиту имкониятҳои мавҷуда илмҳои замони муосирро аз бар намуда, ҳамчун фарзандони бо нангу номуси Ватан ба воя расанд.

Кудакон дар навбати худ ваъда доданд, ки дастгириҳои падаронаи Пешвои муаззами миллатро сармашқи фаъолияти рӯзмараи худ қарор дода, оянда ҳамчун ватандорони асил ба воя мерасанд ва саҳми худро дар боз ҳам гулгулшукуфон гардидани Тоҷикистони соҳибистиқлол мегузоранд. Зеро онҳо худро дар зери сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат ҳеҷ гоҳ танҳо эҳсос намекунанду пуштибони ҳақиқии худро доранд.

Худи ҳамон рӯз  дар Ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов бо иштироки роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба таҳия ва амалӣ намудани нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа, раиси ноҳия Қудратзода Тоҳир Толибӣ ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд – муовини раиси вилоят Назирӣ Зариф Вализода бинои нави Маркази солимгардонии хусусӣ ба номи «Зафар» ифтитоҳ гардид.

Иншооти муосир аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст - Абдуллоев Маҳмуд бунёд гардидааст.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2019 бо ҷалби бинокорони маҳаллӣ ва истифода аз масолеҳи сохтмонии истеҳсоли ватанӣ оғоз гардида, моҳи апрели соли 2021 бо сифати баланди сохтмонӣ ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои милливу ҷаҳонӣ ба анҷом расид.

Масоҳати умумии маркази солимгардонии хусусӣ 580 метри мураббаро ташкил медиҳад.

Бинои мазкур аз ду ошёна иборат буда, барои ҷойгир намудани 30 кат муқаррар карда шудааст. Бино дорои 10 ҳуҷраи солимгардонӣ ва 5 утоқи тиббӣ мебошад.

Лоиҳаи сохтмони бинои мазкур аз ҷониби КФ КВД “Лоиҳакаш”-и ноҳия таҳия гардидааст.

Ҳамчунин дар маркази солимгардонии хусусӣ зиёда ба 20 нафар сокинони маҳаллӣ ҷойи кори муҳайё гардида, мутахассисони соҳибкасби маҳаллии деҳаи Заркор бо кори доимӣ таъмин гирдиданд.

Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа зимни шиносоии иншооти мазкур баҳри ҳифзу нигаҳдошти солимии аҳолӣ ба табибон ва масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Роҳбари гурӯҳи кории ҳукуматӣ, Ҳасанзода Гулнора Кенҷа зимни сафари корӣ ва боздид аз иншоотҳои ҷашнии баистифодадодшуда аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин аз номи шахсан худам ба сифати Роҳбари гурӯҳи кории ҳукуматӣ ба ҳамаи соҳибкорони бо нангу номуси ноҳия ва ба ҳар як сокини ноҳия, ки дар ободию созандагӣ ва пешрафти як гушаи зебои ватанамон саҳми босазо мегузоранд сипосу миннатдории самимӣ баён намуданд.

Татбиқи амалишавии муқаррароти Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №1059 «Дар бораи омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти назорати доимии Роҳбари гуруҳи корӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов қарор дошта, ҷиҳати иҷрои сиффатноки онҳо, ки ба  рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия равона гардидааст, мунтазам тамоми тадбирҳои лозима роҳандозӣ карда мешавад.

Нашр шудааст: 13.04.2021