Мутобиқи қонунгузорӣ тамоми корхонаҳо, ташкилотҳо, муассисаҳо ва умуман ҳамаи субъектҳои истеҳсоливу ғайриистеҳсолӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон бояб ба мақомоти оморӣ ҳисоботи заруриро саривақт, пурра ва ба таври дақиқ пешниҳод намоянд.

Эмомалӣ Раҳмон

Сафари кории Директори Агентии омор

Дар асоси супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Роҳбари гурӯҳи кории Ҳукуматӣ Директори Агентии омори назди Президекнти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа бо мақсади иштирок дар ҷаласаҳои ҷашнӣ ва барномаҳои фарҳангӣ бахшида ба ҷашни байналмиллалии Наврӯз раснонидани табрикоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шиносоӣ ба рафти корҳои ободонию созандагӣ аз санаи 21 то 24 марти соли 2021 дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд қарор дорад.   

Зимни сафари корӣ санаи 21 марти соли 2021 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов ба ифтихори таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба таҳия ва амалӣ кардани нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Қудратзода Тоҳир Толибӣ бо ҳамроҳии намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят Накҳатзода Ҳокимбек аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорон ва ашхоси барӯманди ноҳияро аёдат намуда, ба онҳо туҳфаҳои идона тақдим намуданд.

Ҳамзамон санаи 21 марти соли 2021 дар қасри фарҳанги ба номи “Гулистон”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо як шукуҳу шаҳомати ба худ хос таҷлил карда шуд. Дар чорабинии мазкур раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Қудратзода Тоҳир Толибӣ, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд – сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят Накҳатзода Ҳокимбек иштирок дошта, ба саҳми ҳозирин табрикотҳои Наврӯзиро расониданд. Пас аз табрикотҳо баҳри болидахотирии иштирокчиён барномаи фарҳангӣ пешкаш гардид. Чорабинии мазкур дар сатҳи баланди сиёсӣ ва дар доираи арзишҳои миллию фарҳангӣ доир гардид.

Санаи 22 марти соли 2021 дар Ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии оилаҳои ниёзмандро иқдоми нек дониста дар остонаи таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз аз ҷониби раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Қудратзода Тоҳир Толибӣ бо ҳамроҳии намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят Накҳатзода Ҳокимбек собиқадорони меҳнат ва маъюбон аёдат карда шуда, ба онҳо туҳфаҳои идона ва маводҳои ғизоӣ дастрас гардид.

Зимни сафарӣ кории роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба таҳия ва амалӣ кардани нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 22 марти соли 2021 дар Ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов дар арафаи таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз аз ҷониби раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Қудратзода Тоҳир Толибӣ бо ҳамроҳии намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят Накҳатзода Ҳокимбек якчанд иншоотҳои ҷашнӣ боздид намуда, дар навбати худ як иншооти ҷашнӣ: туйхонаи “Ваҳдат”, ки аз ҷониби соҳибкор Ҷурабоев Парвиз сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Инчунин аз рафти корҳои сохтмонии ҳавзи моҳипарварии ҶДММ «Корпоратсияи моҳии тоҷик» воқеъ дар мавзеи Рухаки Ҷамоати деҳоти Деҳмой аз наздик шинос шуда, дастурҳои муфид доданд.

ТАҶЛИЛИ ИДИ НАВРӮЗ ДАР ДЕҲОТИ НОҲИЯ
Дар доираи сафари кории роҳбари гурӯҳи корӣ Ҳасанзода Гулнора Кенҷа оид ба таҳия ва амалӣ намудани нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо як шукуҳу шаҳомати ба худ хос таҷлил карда шуд. Дар чорабинии мазкур намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа, раиси ноҳия Қудратзода Тоҳир Толибӣ, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд – сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят Накҳатзода Ҳокимбек иштирок дошта, ба саҳми ҳозирин табрикотҳои Наврӯзиро расониданд. Пас аз табрикот баҳри болидахотирии иштирокчиён барномаи фарҳангӣ пешкаш гардид.

Чорабинии мазкур дар сатҳи баланди сиёсӣ ва дар доираи арзишҳои миллию фарҳангӣ доир гардид. Инчунин чорабиниҳо бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз дар тамоми Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия тибқи анъанаҳои миллӣ баргузор гардида истодааст.

Нашр шудааст: 23.03.2021