Санаҳои 9-11 июли соли 2021 Роҳбари гурӯҳи кории ҳукуматӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа ҷиҳати иҷрои супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иштирок дар маҷлиси ҷамъбастии рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ҷаббор Расулов дар нимсолаи якуми соли 2021 ва вазифагузорӣ барои нимсолаи дуюми соли 2021, шиносоӣ бо ҷараёни корҳои омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рафти иҷрои ҳатмии қарорҳои Ситоди ҷумхуриявӣ оид ба пешгирии бемории коронавирус, риояи қатъии қоидаҳои муқарраршудаи беҳдоштӣ, вазифагузории минбаъдаи мақомоти иҷроияи ҳикомияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов дар ноҳияи Ҷаббор Расулов қарор доштанд.
Санаи 10-уми июли соли 2021 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов таҳти раёсати раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Қудратзода Тоҳир Толибӣ маҷлиси фаъолони ноҳия доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар давоми нимсолаи аввали соли 2021 бо иштироки муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шӯъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, молия, нозироти андоз, роҳбарони корхона, ташкилоту муассисаҳо, раисони Ҷамоати шаҳракҳо, намояндагони соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва дигар фаъолон доир гардид.
Роҷеъ ба фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия дар давоми нимсолаи якуми соли 2021 муовини раиси ноҳия Ахмадзода Илҳом маърӯза намуд.
Дар маърӯза оид ба соҳаҳои хоҷагии халқ мавриди таҳлил ва интиқод қарор дода шуд.
Раиси ноҳия дар баррасии фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқ аз масъулини нозироти андоз, молия, саноат, барқ, маориф, тандурустӣ, раисони Ҷамоати шаҳракҳо, шуғли аҳолӣ, ва дигарон роҳбарон пурсиш ба амал оварда, доир ба густариши фаъолият ва тавсеаи корҳо дар самтҳои мазкур дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Раиси ноҳия ба масъулини тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия доир ба вусъати корҳои созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои нақшаҳо дар давоми нимсолаи дуюм, густариши корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, пешгирӣ ва интиқоли бемории сироятӣ, андешидани тадбирҳои зарурӣ барои омодагии ҳамаҷонибаи муассисаҳои тандурустии ноҳия вазифагузории мушаххас намуд.
Дар кори ҷаласаи фаъолони ноҳия роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба таҳия ва амалӣ кардани нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Накҳатзода Ҳокимбек Киромиддин суханронӣ намуданд.
Роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба таҳия ва амалӣ кардани нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа зимни суханронии худ қайд намуданд, ки дар баробари пешравиҳо дар рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия як қатор камбудию норасоиҳо низ ба назар мерасанд.
Махсусан қайд намуданд, ки рушди соҳаи саноати ноҳия боиси нигаронист, зеро дар нимсолаи аввали соли 2021 дар маҷмӯъ истеҳсоли як қатор маҳсулотҳои саноатӣ ба монанди истеҳсоли нахи пахта 385 тоннаро ташкил дода нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 – 33,4 фоиз ё 193 тонна кам шудааст. Бо баробари ин истеҳсоли либосҳои мактабӣ 11610 доннаро ташкил дода, 29,4 фоиз ё 4825 дона кам, истеҳсоли равғани растанӣ ҳамагӣ 2,6 тоннаро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 ба 4,2 баробар ё 8,2 тонна кам шудааст, истеҳсоли орд дар ин давра 15,1 ҳазор тонна ё худ 95,5 фоизро ташкил дода 702,6 тонна камтар истеҳсол шудааст. Дар ин давра истеҳсоли нон ва маҳсулоти нонӣ 796,1 тоннаро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 – 37,9 фоиз ё 486,8 тонна кам истеҳсол карда шудааст. Дар моҳҳои январ-июни соли 2021 – 39,1 ҳазор қуттии шартӣ консерваҳо истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 – 34,8 фоиз ё 20,9 ҳазор қуттии шартӣ камтар истеҳсол карда шудааст. Дар маҷмӯъ фаъолияти саноатчиёни ноҳияро дар нимсолаи аввали соли 2021 новобаста аз зиёдшавии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҳаҷми 4,3 фоиз ғайриқаноатбахш баҳо додан мумкин аст, зеро зиёдшавии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ танҳо дар натиҷаи баландшавии арзиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба вуҷуд омаддаст дар асл бошад истеҳсоли қариб ҳамаи намудҳои маҳсулоти саноатӣ дар шакли натуралӣ паст гардидааст. Саноатикунонии кишвар ҳадафи чоруми Стратегии мамлакат мебошад, к ибо ин роҳ расидан ба ин ҳадафҳо ғайриимкон мебошад. Бинобар ин ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов супориш дода мешавад, ки сабабу омилҳои пастшавии истеҳсоли маҳсулотҳои саноатиро муайн намуда, ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳо чораҳои мушаххас андешанд.
Дар ин давра дар 1396,3 гектар кишти сабзавот аз ҷумла пиёз 563,3 гектар ба роҳ монда шудааст, ки мутаносибан нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 – 6,5 фоиз ва 2,1 фоиз зиёд мебошад.
То санаи 1-уми июли соли 2021 кишти зироатҳои техникӣ ҳамагӣ 5,0 ҳазор гектар анҷом дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 820,7 гектар ё 14,0 фоиз камтар мебошад. Аз ҷумла кишти яке аз маҳсулотҳои стратегии кишвар пахта низ дар ин давра нисбат ба соли 2020 – 794,5 гектар ё 13,7 фоиз камтар анҷом дода шудааст.
Директори Агентии омор Ҳасанзода Г.К. зимни баромади худ қайд намуданд, ки чи тавре Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ 26 январи соли 2021 таъкид намуда буданд, тибқи таҳлилҳои Созмонҳои бонуфузи байналмиллалӣ соли 2021 низ ҳамчун соли 2020 яке аз солҳои вазнинтарин арзёбӣ гардидааст, бинобар ин ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо маводҳои озуқаворӣ дар фаслҳои тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 тамоми чораҳои заруриро ҷиҳати таъмини ҳар як хонаводаи ноҳия бо захираи маводҳои озуқаворӣ ва маводҳои сухт бояд андешида шаванд. Масъалаи дигари ташвишовар на танҳо барои Тоҷикистон балки барои тамоми ҷаҳон ин боз ҳам авҷи тоза гирифтани бемории ҳамагирӣ Ковид-19 мебошад, ки дар ҳамаи муассисаю ташкилотҳо риояи ҳатмии қоидаҳои санитарию гигиениро ҳатман бояд риоя намоянд. Аз тарафи Стансияи санитарию эпидемологӣ мунтазам корҳои профилактикӣ дар корхонаю муассисаҳо ва маконҳои ҷамъиятӣ анҷом дода шаванд.
Айни замон бо мақсади татбиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №АП-1059 «Дар бораи омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар доираи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида дар ноҳияи Ҷаббор Расулов корҳои таъмирию сохтмонӣ бо суръат идома доранд.
Дар нақша чорабиниҳои мазкур сохтмону таъмири 16 мактабу синфхонаҳои иловагӣ, 9 боғчаи бачагона, 11 бунгоҳи тиббӣ ва марказҳои саломатӣ, таъмири 16 адад марказҳои фарҳангӣ ва китобхонаҳо, 14 майдончаҳои варзишӣ, 7 толори варзишӣ, 5 нуқтаҳои хатнакунӣ, 7 дорухона, 13 сартарошхонаҳо, 12 ҳаммом, 5 кошонаҳои ҳусн, 37 марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, мумфаршкунии 16 км роҳ, 11 коргоҳи истеҳсолӣ ва дар маҷмӯъ сохтмону барқарорсозии зиёда аз 394 иншоот дар назар дошта шудааст.
Айни замон ба ҳолатӣ 1-уми июли соли 2021 аз 394 банди тасдиқ карда шуда, бо назардошти 65 адад иншоотҳои иловагии ҷамъиятию маъмурӣ 385 банд пурра иҷро гардидааст, ки 97,7 фоизи нақшаро ташкил медиҳад .
Аз шумораи умумӣ то ин давра аз ҳисоби ташкилоту корхонаҳо ва соҳибкорони маҳаллӣ ба маблағи умумии 162 миллион 694 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонида шудаанд. Дар натиҷа 121 иншоот ба истифода дода шуда, зиёда аз 784 ҷойи кори нав таъсис гардидааст.
Роҳбари гурӯҳи кории ҳукумати дар ноҳияи Ҷаббор Рсулов Ҳасанзода Гулнора Кенҷа ҳамчунин оид ба иҷрои натиҷаи боздиди гурӯҳи кории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аз ҷумла ноҳияи Ҷаббор Расулов дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов вазифаҳои қатъӣ доданд.
Аз фурсат истифода бурда аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин аз номи шахсан худам ба сифати Роҳбари гурӯҳи кории ҳукуматӣ ба ҳамаи соҳибкорони бо нангу номуси ноҳия ва ба ҳар як сокини ноҳия, ки дар ободию созандагӣ ва пешрафти як гушаи зебои ватанамон саҳми босазо мегузоранд сипосу миннатдории самимӣ баён менамоям.
Зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов Роҳбари гурӯҳи корӣ Ҳасанзода Г. К.- Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоатҳои шаҳраки деҳоти Меҳробод, Гулхона ва Ғулакандоз аз хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон дидан намуда, бо мақсади татбиқи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хонаи шаҳрвандон иштирокчии иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқадори меҳнат Тошпулотов Холмирзо, маъюби гуруҳи якум Дранников Иля ва оилаи Расулов Ҷаҳонгир, ки 3 нафар маъюбӣ нобино доранд аёдат карда шуда, ба онҳо маводҳои хӯрока ва туҳфаҳо тақдим карда шуд.
Инчунин роҳбари гурӯҳи корӣ Ҳасанзода Г.К. ҷиҳати иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фаъолияти Литсейи касбии техникии ноҳия дидан намуда, барои рушди соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва ба таълиму касбомӯзӣ ҷалб намудани ҷавонон ба маъмурияти Литсей дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Баъдан, роҳбари гурӯҳи корӣ Ҳасанзода Г. К.- директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рафти корҳои сохтмонии маркази хизматрасонӣ ба аҳолии соҳибкор Охунов Шаҳром, воқеъ дар деҳаи Дустии Ҷамоати деҳоти Гулхона, корҳои сохтмонӣ дар ҳавзи моҳипарварии ҶДММ «Корпоратсияи Моҳии Тоҷик» ва аз ҳолати нашъунамои зироатҳои кишоварзии хоҷагии ёрирасони шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, воқеъ дар деҳоти Деҳмой дидан намуда, барои дар муҳлати муқарраршуда ва бо сифати баланд ба истифода додани иншоотҳои мазкур ба масъулин супоришҳои мушаххаси дахлдор дода шуд.