ДУШАНБЕ, 20.10.2020. Натиҷаҳои пешакии маъракаи муҳими сиёсӣ-барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 1 то 15 октябри соли 2020 гузаронида шуд, семоҳаи якуми соли 2021 пешниҳод карда мешаванд. Дар ин бора муовини директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмиддин ДАВЛАТЗОДА ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ иттилоъ дод.
Ин дар ҳолест, ки шурӯъ аз соли 2010 ҳамасола дар мамлакатҳои ҷаҳон 20 октябр ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии омор таҷлил карда мешавад. Инчунин дар баъзе давлатҳо ин рӯзро чун Иди касбии кормандони омор ҷашн мегиранд.
Дар робита ба ин ҳамсуҳбати мо зикр кард, ки «дар бораи натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ имрӯз сухан гуфтан барвақт аст. Зеро маводи ҷамъоваришуда бояд коркарди аввалин карда шавад. Яъне, ҳисобчӣ бояд пурра натиҷаҳои муайянкардаи худро ҳисоб карда барояд. Дастурдиҳанда назоратчиёнро пурра бисанҷад ва мудири шуъба дар сатҳи мудири шуъба ин корро бояд анҷом диҳад. Илова бар ин дар сатҳи дастгоҳи марказӣ низ таҳлили ин мавод гузаронида мешавад».
Бино ба маълумоти Қиёмиддин Давлатзода, дар айни замон дар тамоми манотиқи мамлакат пурсиш ба анҷом расид. Ҳоло санҷиши кори ҳисобчиён идома дорад. Аз ҷониби дастурдиҳанда назоратчиён ва мудирони шуъбаи барӯйхатгирии аҳолӣ бо гузаронидани даврзании назоратӣ, яъне ба ҳисоби миёна то ҳадди 10 % фаъолияти ҳисобчӣ санҷида мешавад. Аз 21 саволе, ки дар варақа ҳаст, оид ба маълумоти инфиродии аҳолӣ интихобан 3-4 савол гирифта мешавад. Дар бораи намуди фаъолияти иқтисодие, ки шуғл меварзанд, сатҳи маълумот, масоҳати зисти ишғолнамудаи хонаводаҳо ва саволҳои иловагӣ барои назорати фаъолияти ҳисобчӣ дода мешавад. Яъне, то чӣ андоза ҳисобчӣ дар вақти гузаронидлани барӯйхатгирии аҳолӣ пурра аз методологияи тасдиқшуда истифода намудааст, пурсишро дуруст гузаронидааст, ё ин ки ҳангоми аз интернетпурсиш гузаштани аҳолӣ оё ҳамаи шахсони дар хонавода буда аз қайди дахлдор гузаштанд, ба ҳамин тартиб даврзании назоратӣ гузаронида мешавад. Баъди гузаронидани даврзании назоратӣ қабули мавод бевосита аз ҳисобчӣ шурӯъ мешавад. Баъди аз ҷониби дастурдиҳанда пурра қабул шудани маводи назоратчӣ ба шуъбаи барӯйхатгирӣ ва бо ҳамин тартиб, аз шуъбаи барӯйхатгирӣ ба шуъбаи омори шаҳру ноҳия ва аз шуъбаи барӯйхатгирии шаҳру ноҳия ба вилоят ва то сатҳи ҷумҳурӣ сурат мегирад.
«Ҳанӯз дар замонҳои қадим зарурати баҳисобгирии аҳолӣ пеш омада буд, ки натиҷаи он барои мақсадҳои давлатӣ ва ҳарбӣ истифода карда мешуд. Раванди муосири барӯйхатгирии аҳолӣ раванди ягонаи ҷамъоварӣ, ҷамъбаст, таҳлил ва нашри маълумоти демографӣ, иқтисодӣ, иҷтимоиро, ки дар як вақти муайян ба тамоми аҳолии мамлакат ва ё қисми аниқи он тааллуқ дорад, дар бар мегирад. Натиҷаҳои барӯйхатгирӣ мисли дастур одатан коркард ва нашр карда мешаванд»,- гуфт муовини директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмиддин Давлатзода.
Бояд зикр кард, ки ҷамъбасти саривақтии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқттисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳия ва ба тасвиб расонидани маводи дахлдори марбут ба омори соҳавӣ, нашри маҷмӯаҳои омори ҷамъбастӣ, санҷиши мӯътамаднокии маълумоти аввалин ва ҷамъбастӣ, такмили методологияи баҳисобгирии оморӣ, такмили методологияи гузаронидани тадқиқоти оморӣ, аз ҷумла тадқиқоти хонаводаҳо, хоҷагиҳои аҳолӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва ғайра аз фаъолияти асосии мақомоти омор ба ҳисоб меравад.
Ба нақли Қиёмиддин Давлатзода, яке аз тадқиқоте, ки соли равон сурат гирифт, ин истеҳсолоти ҳунарҳои мардумӣ аст ва ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шудааст. Агентии омор бо Вазорати фарҳанг ва Кумитаи рушди сайёҳӣ як рӯйхати мукаммал вобаста ба ҳунарҳои мардумӣ ва намудҳои он таҳия намуданд ва дар ин замина дар баробари омори соҳавии саноат ҳамчунин истеҳсолоти ҳунарҳои мардумӣ ба роҳ монда шуд.
Масъалаи дигар - истеҳсол ва захира намудани ҳаҷми маҳсулот дар хоҷагиҳои аҳолӣ мебошад. Аз ҷумла, истеҳсоли консерва дар хоҷагиҳои аҳолӣ мебошад. Ин ҳам як усули захира намудани маҳсулот барои зимистон мебошад. Барои ба омори расмӣ ворид намудани ин иттилоъ низ Агентӣ дар баробари саволномаи омори саноат иловатан чунин масъалаҳоро ворид намуд ва ҳар моҳ дар ин бора иттилооти дахлдор ба даст оварда, ба ҳисоботи умумӣ илова мекунад.
-Захираи маҳсулот аз масъалаи дигарест, ки Агентӣ ҳар моҳ дар бозорҳо, нуқтаҳои савдо, инчунин бозорҳои марказию маҳаллӣ дар бораи захираи маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили пиёз, сабзӣ, картошка, орд, равғани растанӣ ва ғайра иттилоот ҷамъоварӣ карда, дар намуди блюллетен нашр мекунад,-гуфт Қиёмиддин Давлатзода.