Дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ баҳисобгирии оморӣ, бояд ҳатмӣ, пурра ва бе нуқсон амалӣ гардад. Мақомоти давлатӣ дар ин бобат ва ҳамчунин ҷиҳати ба стандартҳои байналхалқӣ мутобиқ будани ҳисоботи муҳосибавӣ бояд тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Нишасти матбуотии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

18-уми феврали соли 2021 Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи Агентӣ бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ гузаронид.

Дар нишасти матбуотӣ намояндагони рӯзномаю маҷаллаҳо, шабакаҳои иттилоотӣ, телевизион ва радио аз он ҷумла: АМИТ «Ховар», агентиҳои “Спутник Россия”, “Сегодня Россия”, “Авесто”, “Интерфакс”, шабакаҳои радиою телевизионии “ТВ Мир”, “Ҷаҳоннамо”, ”“Ховар”, “Радиои Тоҷикистон”, “Садои Душанбе”, рӯзномаву маҷаллаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Народная газета», «Ҷавонони Тоҷикистон», “Минбари халқ”, «Боҷу хироҷ», “Халқ овози” иштирок намуданд.

Дар нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон дар бораи фаъолияти мақомоти давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 ва вазифаҳои минбаъда барои соли 2021, инчунин дар бораи нишондиҳандаҳои вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон пахши иттилоотӣ пешниҳод карда шуд. Барои истифодабарӣ маводҳо, аз ҷумла: гузориш оид ба вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 (бо забонҳои давлатӣ ва русӣ) ва маърӯзаи фишурда дар бораи натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти мақомоти давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 гардид.

Дар нишасти матбуотӣ Директори Агентии омор Ҳасанзода Гулнора Кенҷа дар бораи натиҷаҳои ҷамъбастии фаъолияти мақомоти омор дар соли 2020 ва нақшаву вазифаҳои дар пеш истода, ҳисоботи муфассал манзур намуд.

Ҳамзамон ба рӯзноманигорон дар муҳокимаи мавзӯъҳои вобаста ба соҳаи омор аз ҷониби Директори Агентӣ, муовинони Директор ва сардорони раёсату шуъбаҳои соҳавӣ посухҳои мушаххас манзур карда шуд.

Аз ҷониби намояндагони воситаҳои ахбори омма вобаста ба мавзӯъҳои соҳавӣ саволҳои зерин пешниҳод гардиданд:

- Нишондиҳандаҳо доир ба сохтмони манзил ва ҳиссаи он дар минтақаҳо;

- дақиқияти омори электронӣ ва таъсири он дар муқовимат бо коррупсия;

- Фоизи қишрии миёнаи аҳолӣ ва методологияи ҳисоб кардани он;

- Баҳисобгирии шаҳрвандони хориҷӣ дар маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил;

- вазъи муҳоҷирати дохилӣ дар соли 2020;

- вазъи муҳоҷирати хориҷӣ дар соли 2020 назар ба солҳои пеш;

- шумораи ҷиноятҳои бақайдгирифташуда дар соли 2020.

Ба саволҳои аз ҷониби намояндагони воситаҳои ахбори омма вобаста ба масъалаҳои ба мақомоти омор мансубиятдошта, аз ҷониби Роҳбарияти Агентии омор ҷавобҳои мушаххас дода шуд.

Дар охири нишастӣ матбуотӣ Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа аз ҳамаи ВАО ва хабарнигорон ҷиҳати ҳамкорӣ ва инъикос дар баргузории барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил изҳори сипос намуд.

Нашр шудааст: 19.02.2021