Дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ баҳисобгирии оморӣ, бояд ҳатмӣ, пурра ва бе нуқсон амалӣ гардад. Мақомоти давлатӣ дар ин бобат ва ҳамчунин ҷиҳати ба стандартҳои байналхалқӣ мутобиқ будани ҳисоботи муҳосибавӣ бояд тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Эмомалӣ Раҳмон

ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ БА 32,2 МИЛЛИАРД СОМОНӢ РАСОНИДА ШУД

Тибқи иттилои раёсати омори саноат ва инвеститсияҳо дар сохтмони Агентии омор, дар 9 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 32,2 миллиард сомонӣ расонид шудааст.
  • Манбаъ иттилоъ медиҳад, ки суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 108,2 дарсадро ташкил додааст.
Масъулин омили асосии рушди суръати соҳаи саноатро асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноати истихроҷ – 3,6 фоиз, саноати коркард – 12,0 фоиз, таъминоти нерўи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво – 12,5 фоиз баён доштанд.
  • Тибқи иттилои раёсати мазур бештар аз ҳама маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд истеҳсол шудааст.
Дар сохтори ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати ҷумҳурӣ ҳиссаи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати вилоятҳои Суғд (56,6 фоиз) ва Хатлон (24,9 фоиз) афзалият доранд.
Таносуби минтақаҳо дар таркиби маҳсулоти саноатии кишвар дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ чунин аст: Вилояти Суғд – 18,1 миллиард сомонӣ, Хатлон – 7,9 миллиард сомонӣ, НТҶ – 2,8 миллиард сомонӣ, шаҳри Душанбе – 2,9 миллиард сомонӣ ва ВМКБ – 149,9 миллион сомонӣ.
Нашр шудааст: 01.11.2023