Дар шаҳри Душанбе дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба арзиши 2 миллиарду 976,1 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ тавлид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-юм 121,2 фоизро бо нархҳои муқоисавӣ ташкил медиҳад.
-
Ин матлабро Сафарализода Даврон зимни ҷаласаи ҷамъбастии Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, зикр намуд.
Сафарализода Даврон, сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар оғоз таъкид намуд, ки Сарраёсат фаъолияти кории худро тибқи Барномаи корҳои оморӣ ва дастуру супоришҳои роҳбарияти Агентии омор ба роҳ монда, семоҳаи сеюми соли ҷориро бо иҷрои 531 кори оморӣ ҷамъбаст намуд, ки сад фоизи нақша мебошад.
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои протоколии ҷаласаи васеи мушовара вобаста ба таъмини фарогирии субъектҳои хоҷагидор ба ҳисоботҳои оморӣ, аз ҷумла барҳам додани фарқияти субъектҳои амалкунанда тибқи маълумотҳои низоми «Равзанаи ягона»-и мақомоти андози шаҳри Душанбе корҳои муайян ба анҷом расонида шуд.
Мувофиқи феҳристи «Равзанаи ягона»-и мақомоти андоз дар шаҳри Душанбе ба ҳолати 1-уми октябри соли 2023 шумораи субъектҳои фаъолияткунанда (ба қайдгирифташуда) ба – 45004 адад расидааст, ки аз он шахсони ҳуқуқии фаъолияткунанда – 8613 адад, филиалу намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ – 313 адад ва соҳибкорони инфиродӣ – 36078 ададро дар бар гирифта, нисбат ба ҳолати 01.01.2023 шахсони ҳуқуқии фаъолияткунанда – 392 адад, шумораи шуъба ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ - 11 адад ва шумораи соҳибкорони инфиродӣ 1389 адад зиёд шудааст, ки дар маҷмуъ ҳиссаи он дар сатҳи ҷумҳурӣ 12,9 фоизро ташкил медиҳад.
-
Дар давраи сипаришуда аз ҷониби кормандони Сарраёсат тибқи нақша дар 245 ташкилоту муассиса ва корхона оид ба эътимоднокии маълумоти оморӣ санҷиш гузаронида шуд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар умум ҳангоми гузаронидани санҷиш, дар асоси моддаи 515 қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати 120 нафар шахсони масъули субъектҳои хоҷагидор барои надоштани ҳисоботи аввалия, роҳ додан ба хатогӣ ва саривақт пешниҳод накардани ҳисобот парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 84000 сомонӣ ҷарима гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,0 фоиз зиёд мебошад.
Ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати мамлакат саноатикунонии босуръат мебошад. Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар шаҳр ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2 миллиарду 976,1 миллион сомонӣ расонида шуда, аз ин ҳиссаи маҳсулоти саноати коркард 68,7 фоиз, таъминоти нерўи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво 28,2 фоиз, саноати истихроҷи масолеҳи ғайримаъдани бинокорӣ 1,5 фоиз ва таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва дастрасии коркарди дуюмдараҷа 1,6 фоизро ташкил додааст.
Сафарализода Даврон таъкид кард, ки бинобар аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди кишвар, Сарраёсат дар таъмини иҷрои ҳадафҳои стратегияи миллӣ, аз ҷумла раванди саноаткунонии босуръат пайваста кӯшиш менамояд.