Мутобиқи қонунгузорӣ тамоми корхонаҳо, ташкилотҳо, муассисаҳо ва умуман ҳамаи субъектҳои истеҳсоливу ғайриистеҳсолӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон бояб ба мақомоти оморӣ ҳисоботи заруриро саривақт, пурра ва ба таври дақиқ пешниҳод намоянд.

Эмомалӣ Раҳмон

ҚАДАМҲОИ УСТУВОР БА СӮИ РУШДИ ПОЙДОР

Паёми ҳарсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар воқеан як оинаи тамомнамоест, ки дар он кулли дастоварду пешрафт, рушду шукуфоӣ ва барномаву ҳадафҳо барои солҳои оянда инъикос меёбанд.
Сарвари давлат дар Паёми хеш ба тамоми бахшҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар таваҷҷуҳ намуда, вазъи кунунӣ ва дурнамои тамоми соҳаҳоро бар асоси омори дақиқ ва расмӣ баррасӣ намуданд. Зеро ба ҳамагон, махсусан ба ману шумо, кормандони соҳаи омор, маълум аст, ки арқом, яъне рақамҳо дурӯғ намегӯянд.
Дар оғози Паём Сарвари давлат ба ду нишондиҳандаи асосии пешрафт - маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ва рушди иқтисоди миллӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд. Зикр гардид, ки маҷмуи маҳсулоти дохилӣ нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардида, ба беш аз 130 миллиард сомонӣ баробар ва рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,5 фоизро ташкил додааст.
Таъмини афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва рушди иқтисоди миллӣ дар замони муосир, замони таҳримҳову нооромиҳо ва бозиҳои бузурги геополитикӣ воқеан як дастоварди бузург аст.
Ҳамчунин бо чораандешиҳои муассири блоки иқтисодии Ҳукумати кишвар новобаста аз буҳронҳои молӣ, боло рафтани нархи молу хизматрасониҳо дар бозори ҷаҳонӣ сатҳи таваррум ва арзиши пули миллӣ дар соли гузашта муътадил нигоҳ дошта шуда, сатҳи таваррум ба 3,8 фоиз баробар буд, ки миёни кишварҳои минтақа яке аз нишондиҳандаҳои беҳтарин аст.
Ҳамасола таъмин гаштани рушди иқтисоди миллӣ, афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва муътадил нигоҳ доштани сатҳи таваррум дар кишвар боиси пешрафтҳои назаррас ва аз ҳама муҳим, беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум шудааст.
Натиҷаи амалигардии сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои муаззами миллат аст, ки даромади пулии аҳолӣ давоми шаш соли охир 3,3 баробар афзоиш ёфта, ба 112,7 миллиард сомонӣ расидааст. Барои муқоиса, сатҳи камбизоатӣ агар соли 1999-ум ба 83 фоиз баробар бошад, соли гузашта ин нишондиҳанда ба 21,2 фоиз расидааст, ки натиҷаи хеле назаррас аст.
Ҳамчунин дар натиҷаи амалисозии барномаҳои созандаи Ҳукумати мамлакат қисми даромади буҷети давлатӣ ҳар сол зиёд гардида, соли 2023 ҳаҷми он нисбат ба соли 2017-ум 1,6 баробар афзоиш ёфтааст. Зиёд гардидани буҷаи давлатӣ албатта боиси афзудани ҳаҷми маош, нафақапулӣ ва дигар кӯмакҳои иҷтимоӣ гардидааст, ки ба ҳамаи мову шумо маълум аст, ва гумон мекунам ниёз ба ёдоварии онҳо нест.
Ба касе пӯшида нест, ки дар замони муосир яке аз роҳҳои аслии пешбурди иқтисодҳои миллӣ ба рушди бахши хусусӣ вобаста буда, Ҳукумати Тоҷикистон дар бахши ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ низ фаъолияти муассир дорад. Ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ ва барои сармоягузорӣ ҷолиб гардонидани иқтисодиёти кишвар пайваста иқдомҳои муассир амалӣ мешаванд. Дар натиҷаи тадбирҳои амалигардида шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар 7 соли охир аз 62 ҳазор ба 350 ҳазор баробар гардида, танҳо дар соли 2023 соҳибкорони мамлакат 715 корхонаи нави истеҳсолӣ бо 5 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода супориданд.
Дар тақвияти бахшҳое, ки барои Тоҷикистон стратегӣ дониста шудаанд, - яъне таъмини истиқлоли энергетикӣ, ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ кардани роҳҳои кишвар, таъмини бозори дохилӣ бо маводи ғизоӣ ва рушди саноат низ дар соли гузашта мамлакати мо ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.
Аз ҷумла, соли 2023 иқтидори энергетикии Тоҷикистон зиёда аз 6 ҳазор мегаватт ва истеҳсоли неруи барқ 22 миллиард киловатт – соатро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2017-ум 4,8 миллиард киловатт – соат ё 28 фоиз зиёд мебошад. Нуктаи дигари фараҳбахши Паём ин буд, ки Сарвари давлат хабар доданд, ки соли 2025 агрегати сеюми неругоҳи барқи обии «Роғун» ба баҳрабардорӣ мерасад. Ҳамаи мову шумо медонем, ки Ҳукумати мамлакат, бо дарназардошти фаровонии захираҳои гидроэнергетикӣ, иқтидори бузурги истеҳсоли «энергияи сабз» ва содироти он, дар ҷодаи ноил гардидан ба ҳадафи стратегии худ – расидан ба истиқлоли энергетикӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст.
Барои муоқиса, Тоҷикистон аз рӯи захираҳои гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон дар ҷойи ҳафтум қарор дорад. Имрӯз бузургтарин кишвари истеҳсолкунандаи барқӣ обӣ Чин аст, ки дар як сол 585 миллиард киловатт соат неруи барқи обӣ тавлид мекунад. Ба ҳисоби мутахассисон иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон 527 миллиард киловатт соат буда, баъди бунёди пурраи Роғун ва амалисозии дигар тарҳҳои энегетикӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз бузургтарин кишварҳои ҷаҳон дар самти тавлиди неруи барқи обӣ табдил меёбад. Ин рӯз воқеан дур нест. Пешвои миллат барҳақ қайд карданд, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсафи ҷаҳон дар самти инкишофи «иқтисоди сабз» соли 2037 воқеан ба «кишвари сабз» табдил меёбад.
Дар самти бунёд ва азнавсозии роҳҳо низ дар соли гузашта як қатор иқдомҳои муассир амалӣ шуданд. Имрӯзҳо дар соҳаи нақлиёт 17 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 13 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст. Ҳоло лоиҳаҳои сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингарди Роғун – Обигарм – Нуробод ба маблағи 3,3 миллиард сомонӣ ва бунёди пули калонтарин дар мамлакат бо дарозии 920 метр ба маблағи 625 миллион сомонӣ дар водии Рашт амалӣ шуда истодаанд. Инчунин, татбиқи лоиҳаҳои бунёди роҳҳои Бекобод – Деҳмой, Деҳмой – Бобоҷон Ғафуров, Бобоҷон Ғафуров – Хистеварз ва Конибодом – Кучкак (52 километр) 635 миллион сомонӣ дар вилояти Суғд, Бохтар – Левакант – Лолазор – Данғара (69 километр) 672 миллион сомонӣ, Ҳулбук – Темурмалик – Кангурт (59 километр) 740 миллион сомонӣ дар вилояти Хатлон идома дорад.
Пешвои миллат таъкид доштанд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 58 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар самти сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингард ва роҳи оҳан, бунёди инфрасохтори онҳо ва таҳким бахшидани иқтидори техникии соҳа ба маблағи 26,6 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло корҳо дар ин самт бомаром идома доранд.
Ба деҳқонон ва ҳамчунин кормандони бахшҳои омори маҳаллӣ маълум аст, ки бар асари тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои манфии он – хушксолии пайиҳам ва камобӣ, аз ҷумла дар минтақаи мо талабот ба об ва маҳсулоти кишоварзӣ торафт зиёд гардида истодааст. Аммо ба ҳамаи ин мушкилот нигоҳ накарда, дар натиҷаи тадбирҳои аз ҷониби Ҳукумати мамлакат амалигардида ва заҳмати софдилонаи кишоварзон сатҳи таъминнокии аҳолӣ бо маҳсулоти асосии ғизоӣ афзоиш ёфта, соли 2023 истеҳсоли ғалладонагиҳо назар ба соли 1991-ум 6 баробар, аз ҷумла гандум 5,6 ва шолӣ 6,7 баробар, картошка 10,8 баробар, сабзавот 9, полезӣ 17,5, меваҷот 10 ва ангур 2 баробар афзоиш ёфтааст.
Сарвари давлат дар Паёми худ ба масъалаи таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хӯрока таваҷҷуҳи махсус намуданд. Аз ҷумла, зикр шуд, ки воридоти гӯшт аз хориҷи кишвар сол ба сол кам гардида, аз 10,7 ҳазор тонна дар соли 2014 ба 144 тонна дар соли 2023 коҳиш ёфтааст. Воридот шир ва маҳсулоти ширӣ низ тамоюл ба пастшавӣ дорад.
Давоми чанд соли гузашта саршумори чорвои калони шохдор 2 баробар (ҳоло шумораи он ба 2,6 миллион сар расидааст), чорвои майда 2 баробар (6,6 миллион сар) ва паранда 1,9 баробар (12,2 миллион сар) зиёд шуда, ин боис гардидааст, ки талаботи аҳолии мамлакат бо гӯшту шир пурра аз ҳисоби истеҳсолоти ватанӣ таъмин гардад.
Ҳамчунин Сарвари давлат зикр намуданд, ки соли 2023 таъминот бо маҳсулоти асосии озуқавории истеҳсоли ватанӣ дар кишвар ба 85 фоиз расонида шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 1991-ум 2,5 баробар зиёд мебошад.
Дар самти рушди саноати миллӣ, ки чанд сол қабл ҳадафи стратегии Тоҷикистон эълон шуда буд, низ дастовардҳо умеворкунанда ҳастанд. Сарвари давлат зикр намуданд, ки танҳо дар ду соли ахир дар кишвар беш аз 1200 коргоҳу корхонаи нави истеҳсолӣ бо 11 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуда, соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба соли 1992-юм 4,6 баробар афзоиш ёфта, ба зиёда аз 46 миллиард сомонӣ расонида шуд.
Пас аз шунидан ва баррасии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар нафари мову шумо, ва дар умум кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ба ин хулоса мерасем, ки воқеан соли гузашта низ барои кишвари мо як соли бобарор ва пур аз дастовардҳо буда, мамлакати мо бо раҳнамоиҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами хеш сол ба сол ба ҳадафи ниҳоии хеш – бунёди як ҷомеаи ободу пешрафта, адолатпарвару қонунмеҳвар наздиктар мешавад. Дар зимн, маъсулияти мо оморчиёни кишвар бояд бештар бошад. Зеро маҳз фаъолияти дуруст ва саривақтии мо боис мегардад, ки омори тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар ҷамъоварӣ, коркард, баррасӣ ва ба ниҳодҳои дахлдор пешниҳод гардида, барои таҳлили вазъи кунунӣ ва барномарезиҳо барои оянда мавриди истифода қарор бигиранд. Паёми Сарвари давлат ба ҳар кадоми мо бори дигар хотирнишон менамояд, ки фаъолияти мо барои рушди кишвар беаҳаммият нест, зеро танҳо арқом сухани дурустро мегӯянду вазъи воқеиро нишон медиҳанд.
Маъруф САФОӢ,
Сармуҳаррири маҷаллаи
илмӣ – иттилоотии “Ҳарфи омор”
Нашр шудааст: 17.01.2024