Дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа оид ба баррасии пешниҳоди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бартараф намудани омилҳои бувуҷудоварандаи коррупсия дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки дар содир шудани ҳолатҳои коррупсионӣ мусоидат мекунанд, баргузор гардид.
Дар ҷаласа нозири калони раёсати экспертизаи давлатии зиддикорупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддинзода Нуриддин, нозири калони раёсати мазкур Бахтиёрзода Бежан Бахтиёр, роҳбарият ва кормандони Дастгоҳи марказӣ ва Муассисаи давлатии “Маркази кулли ҳисоббарорӣ”-и Агентии омор иштирок доштанд.
-
Муовини якуми Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асо Нурулло Асват бо кушода эълон намудани ҷаласа доир ба пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳои мусоидаткунанда ба содир намудани ҳолатҳои коррупсионӣ ибрози назар кард.
Дар идома намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди агентии мазкурро оид ба бартараф намудани омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки барои содир шудани ҳолатҳои коррупсионӣ мусоидат мекунанд, ироа намуданд. Пешниҳоди мазкур натиҷаи мониторинги санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи амалкунандаи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз санаи 12 то 21 июли соли 2023 аз ҷониби кормандони раёсати экспертизаи давлатии зиддикоррупсионӣ гузаронида шуда буд, арзёбӣ мегардад.
-
Қайд гардид, ки новобаста аз тадбирҳои андешидашуда, ҳангоми назорату санҷишҳои фаъолияти соҳаҳои Агентии омор ҳанӯз ҳам дар расмиёти коргузорӣ, маъмурӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ камбудиҳо ҷой доранд, ки ба сифати кор халал мерасонанд.
Асо Нурулло дар идомаи ҷаласа таъкид намуд, ки хизматчиёни давлатӣ, аз ҷумла кормандони мақомоти оморро мебояд, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматияшон аз хавфҳои коррупсионӣ пешгирӣ намуда, ба он роҳ надиҳанд.
Метавон гуфт, ки коррупсия яке аз масъалаҳои мубрам ва доғи рӯзи ҷаҳони муосир маҳсуб ёфта, пешгирии он омӯзиши ҷиддӣ, муносибати махсус ва муқобилияти дастаҷамъонаро талаб менамояд. Дар робита ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои ҳарсолаи худ, муборизаи ҳамагониро бар зидди амалҳои коррупсионӣ таъкид карда, решакан намудани ин падидаи номатлуби ҷомеаро қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди баору номус меҳисобанд.
Дар интиҳо аз ҷониби муовини якуми Директори Агентии омор Асо Нурулло Асват ба сохторҳои Агентӣ супориш дода шуд, ки дар муддати муқарраргардида ҷиҳати пурра бартараф намудани камбудиҳои ошкоршуда чораҷӯӣ намуда, ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот пешниҳод намоянд.