10 июл соли равон дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи мушовара бо иштироки роҳбарияти Агентӣ, сардорони сарраёсатҳои Агентии омор дар ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, сардорони мақомоти омори шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, раёсат, шуъба ва бахшҳои Дастгоҳи марказӣ ва Муассисаи давлатии “Маркази кулли ҳисоббарорӣ”-и Агентии омор багузор гардид.
Дар ҷаласа натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омор дар нимсолаи якуми соли 2023 мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор гирифтанд.
Назарзода Зарина, муовини Директори Агентии омор аз рӯи ин масъала дар ҷаласа гузориш дод. Таъкид шуд, ки сарфи назар аз камбудиву мушкилотҳо, Агентӣ дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барномаи корҳои оморӣ дар соли 2023” бо иҷрои 5182 кори оморӣ нимсолаи якуми соли ҷориро ҷамъбаст намуд, ки аз иҷрои пурраи барнома шаҳодат медиҳад.
Зикр гардид, ки дар давраи њисоботӣ 34 адад дастурҳои методологӣ мутобиқ ба талаботҳои ҳозира оид ба таъмини саҳеҳият, мўътамаднокии маълумоти омории соҳаҳои иқтисодиёти кишвар ва фарогирии бештари ҳисоботсупорандагон таҳия гардида, ба мақомоти маҳаллии омор барои корбарӣ ва таъмини иҷро ирсол карда шуд.
Дар давраи сипаришуда 113 бюллетени оморӣ, 25 иттилооти таъҷилӣ, 12 гузоришҳои оморӣ, 33 маълумоти оморӣ омода ва нашр карда шуданд.
Фарогирӣ бо ҳисоботи электронӣ дар маҷмуъ ба 66 шакли ҳисоботи омори давлатӣ ва таҳқиқоти оморӣ баробар шуда, ба 47 фоиз расонида шуда ва то охири соли 2023 пурра гузаронида мешавад.
Ҳамзамон, оид ба иҷрои корҳо аз ҷониби Агентии омор, ҳамкориҳо бо дигар ташкилотҳои байналмилалӣ, иҷрои корҳо дар доираи Лоиҳаи “Навкунии низоми миллии омор”, ба ҳисобот фаро гирифтани субъектҳои ҳисоботсупор, санҷишу ҷаримабандиҳо дар мақомоти омори маҳал, иҷрои қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, корҳо дар самти беҳтар гардидани интизоми хизмати давлатӣ ва гузаронидани озмуну аттестатсияҳо дар дастгоҳи марказии Агентӣ ва сарраёсатҳо, инчунин оид ба вазифаҳои дарпешистодаи мақомоти омори давлатӣ маърўзаи муовини Директор шунида шуд.
Дар давоми ҷаласа ҳисоботи сардорони сарраёсатҳои Агентӣ дар вилоятҳо шунида шуд.
Аз тарафи Директори Агентии омор Нурмаҳмадзода Ҷамшед ба сардорони мақомоти омори маҳаллӣ оид ба фарогирии субъектҳои ҳисоботсупор, ҷамъоварии дурусти нишондиҳандаҳои соҳаҳои кишоварӣ, саноат, сохтмон ва хизматрасонӣ тибқи методологияи муайян, қатъиян аз байн бурдани таҳрифкорӣ, гузаронидани баҳисобгирии саршумори чорвои аҳолӣ, пурра ба ҳисоботҳои оморӣ дохил намудани маҳсулоти растанипарварӣ ва мевагиҳо, мавриди омўзиш ва такмил қарор додани методологияи баҳисобгирии нишондиҳандаи ҳаҷми боркашонӣ ва мусофиркашонӣ, аз байн бурдани ҳолатҳои коррупсионӣ, иҷрои супоришҳои дар Паёми Президент зикршуда, қонунҳо, қарорҳо ва дигар дастуру супоришҳои дахлдори Ҳукумати ҷумҳурӣ ва дигар масъалаҳо дастуру супоришҳои қатъӣ дод.
Дар охири кори ҷаласа Директори Агентӣ ҳамаи кормандони Агентиро оид ба тақвият додани корҳо дар самти гузариш ба ҳисоботҳои электронӣ, фарогирии пурраи ҳисоботсупорандаҳо, нигоҳ доштани мустаъқилияти кори мақомоти омори маҳал, қатъиян роҳ надодан ба таҳрифкорӣ, беҳтар намудани раванди ҷамъоварии ҳисоботҳои омории соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, сохтмон ва дигар маълумотҳои оморӣ, ҳамкориҳо бо вазорату идораҳои дахлдор дар сатҳи маҳал, иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, корҳои ободонию созандагӣ, сиёсию идеологӣ дар байни кормандон ва дигар масъалаҳои корӣ супоришҳои мушаххас манзур намуд.