11 октябр дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи мушовара оид ба натиҷагирӣ аз ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омор дар нуҳ моҳи соли 2023 ва вазифаҳо то охири сол баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти Агентӣ, сардорони сарраёсатҳои Агентии омор дар вилоятҳо, шаҳри Душанбе, сардорони мақомоти омори шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, раёсат, шуъба ва бахшҳои Дастгоҳи марказӣ ва Муассисаи давлатии “Маркази кулли ҳисоббарорӣ”-и Агентӣ иштирок доштанд.
Дар ҷаласа натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омор дар нуҳ моҳи соли 2023 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт, ки аз рӯи ин масъала Мирзоён Нодир, муовини Директори Агентии омор гузориш дод.
Зикр гардид, ки мақомоти омор фаъолияти худро тибқи «Барномаи корҳои оморӣ барои соли 2023» ба роҳ монда, вазифаҳои дар назди мақомот дар нуҳ моҳи соли 2023 гузошташударо пурра иҷро намуд.
-
Дар ин давра 7387 кори оморӣ саривақт ба анҷом расонида шуд, ки аз иҷрои пурраи Барномаи корҳои оморӣ шаҳодат медиҳад.
Дар давоми ҷаласа ҳисоботи сардорони мақомоти омор дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шунида шуда, аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати фаъолият дастуру тавсияҳои судманд дода шуданд.
Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои гуногуни пешбурди босифати корҳои оморӣ, саривақтӣ ва дақиқияти маълумоти омории тавсифкунандаи ҳамаи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, риояи методологияи амалкунанда оид ба ташаккули омори расмӣ баррасӣ гардиданд.
Аз тарафи Директори Агентии омор Нурмаҳмадзода Ҷамшед ба сардорони мақомоти омори маҳаллӣ оид ба фарогирии субъектҳои ҳисоботсупор, ҷамъоварии дурусти нишондиҳандаҳои соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, сохтмон ва хизматрасонӣ тибқи методологияи муайян, қатъиян аз байн бурдани таҳрифкорӣ, пурра ба ҳисоботҳои оморӣ дохил намудани маҳсулоти растанипарварӣ, аз ҷумла картошка, шолӣ пурра ва дақиқ ба ҳисоб гирифтани саршумори чорвои калон ва хурд, манзилҳои истиқоматӣ, мавриди омўзиш ва такмил қарор додани методологияи баҳисобгирии нишондиҳандаи ҳаҷми боркашонӣ ва мусофиркашонӣ, ки ин ҳама ба таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар мусоидат менамояд, инчунин ҷиҳати иҷрои супоришҳои дар Паёми Президент зикршуда, қонунҳо, қарорҳо ва дигар дастуру супоришҳои дахлдори Ҳукумати ҷумҳурӣ ва дигар масъалаҳо дастуру супоришҳои қатъӣ дода шуд.