5 сентябр дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба солгарди 32-юми ҷашни Истиқлоли давлатӣ ва ҳамзамон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ба фаъолони соҳаи омор ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ҷамъомад мушовири Президент оид ба масъалаҳои иқтисодӣ – Ҳикматуллозода Неъматулло, ходими давлатию ҷамъиятӣ – Рафиқа Мусоева, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон – Ортиқи Қодир, роҳбарият ва кормандони Агентии омор иштирок доштанд.
Директори Агентии омор Нурмаҳмадзода Ҷамшед ҷашни Истиқлоли давлатиро ба аҳли нишаст таҳният гуфта, ба меҳмонон барои пазироӣ аз даъват ва ташриф овардан ба Агентии омор изҳори минатдорӣ намуд.
Сипас, аз тарафи мушовири Президент оид ба масъалаҳои иқтисодӣ – Ҳикматуллозода Неъматулло ба мутахассисони фаъол барои хизматҳои шоён ва саҳми назаррас гузоштанашон дар соҳаи омор мукофотҳои давлатӣ дар вазъи тантанавӣ супорида шуд.
Мавриди зикр аст, ки ҳамасола ба ифтихори солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ, унвонҳои фахрӣ, рутбаҳои олии ҳарбию махсус ва ҷоизаҳои давлатӣ ба фаъолони ҳамаи соҳаҳо баргузор мегардад. Имсол низ ду корманди варзидаи соҳаи омори давлатӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣгардиданд.
-
Аз ҷумла, сардори Муассисаи давлатии “Маркази кулли ҳисоббарорӣ”-и Агентӣ Қурбонов Саидакбар бо медали “Хизмати шоиста” ва муовини сардори Раёсати системаи ҳисобҳои миллӣ ва омори молияи Агентӣ Қамарзода Ҳукмиддин бо медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардонида шуданд.
Сипас, Нурмаҳмадзода Ҷамшед оид ба моҳияту аҳамияти Истиқлоли давлатӣ, дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии 32-соли даврони соҳибистиқлолӣ, таҳти сарварии Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар намуда, таъкид дошт, ки давоми сиву ду соли соҳибстиқлолӣ, ки дар назди таърих муддати зиёде нест, тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба таври назаррас рушду тавсеа ёфта, имрӯз Тоҷикистони азизи мо ба як мамлакати орому босубот ва рӯ ба тараққӣ табдил ёфтааст.
Дар идома, ходими давлатию ҷамъиятӣ Рафиқа Мусоева дар бораи хизматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба ормонҳои миллӣ ва нақши ӯ дар барқарорӣ ва таҳкими сулҳу субот, истиқлоли давлатӣ, ваҳдати комили миллӣ ва ободкорию созандагӣ суханронӣ намуд.
Ҳамзамон, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон устод Ортиқи Қодир Истиқлоли давлатиро барои миллати тамаддунофари тоҷик нодиртарин дастоварди сиёсиву сарнавиштсоз ва оғози давраи комилан нав дар таърихи давлатдории навин, марҳилаи рушд дар ташаккули соҳаҳои мухталифи ҳаёти давлативу ҷамъиятӣ, дар умум давлатдории миллӣ унвон намуда, бо қироати шеърҳои тараннумгари истиқлолу озодӣ ва ваҳдату ягонагӣ хотири аҳли нишастро болида гардонид.
Дар ҷамъомад аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ ба як қатор кормандон барои фаъолияти пурсамар ва иштироки фаъолона доштанашон дар корҳои ҷамъиятӣсипосномаву ифтихорномаҳо супорида шуд.
Дар фарҷом Нурмаҳмадзода Ҷамшед ҳозирин ва тамоми кормандони соҳаи оморро ба 32 – юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, барои фаъолияти пурсамар ва содиқона ба Ватани азизамон роҳнамоӣ намуд.