Дар шароити муносибатҳои иқтисоди бозорӣ бе ҳисобу китоб, таҳлили натиҷаҳои кор ва ба нақша гирифтани имкониятҳо пешрафти мунтазамро таъмин намудан ғайриимкон мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

ҲАМОИШИ ИЛМӢ – АМАЛӢ ДАР АГЕНТИИ ОМОР

22 сентябри соли ҷорӣ дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ – амалӣ таҳти унвони “Ватандӯстӣ – омили муҳими ташаккули худшиносии миллӣ” баргузор гардид.
  • Дар ҳамоиш роҳбарият, кормандони Агентӣ ва сиёсатшинос, директори маркази тарғиби адабиёт ва фарҳанги миллии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Абдуллоҳи Раҳнамо иштирок доштанд.
Муовини Директори Агентии омор Назарзода Зарина бо сухани ифтитоҳӣ ба ҳамоиш ҳусни оғоз бахшида, доир ба тарбия намудани ҷавонону наврасон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, ҳимояи манфиатҳои Ватан, хизмати содиқонаю фидокорона ба халқу Ватан, ки аз вазифаҳои муҳимтарин дар низоми таълиму тарбия ва ҷомеаи шаҳрвандии кишвар ба ҳисоб меравад, суханронӣ намуд. Инчунин таъкид гардид, ки дар замири ҷавонон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ ва ташаккулу рушди худшиносии миллӣ метавонад бар зидди таҳдидҳои замони муосир ҳамчун қувваи бузурги ҳимояи Ватану таърихи он ва рӯҳияи шикастнопазири миллат хизмат намояд.
Сипас, Абдуллоҳи Раҳнамо дар бораи мафҳуми ватандорию ватандӯстӣ ибрози андеша намуда, бо асноду далелҳои рушани таърихӣ аз соҳибдавлативу соҳибтамаддунӣ ва дорои таърихи чандинҳазорсола будани миллати тоҷик ёдовар шуд. Абдуллоҳи Раҳнамо бо нигаронӣ аз вазъи кунунии ҷаҳони муосир, хатари терроризм ва экстремизм ҳамчун хавфноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ, ҷавононро ба ҳифзи арзишҳои миллӣ, ҳимояи сарзамин ва нигаҳдошти сулҳу субот дар кишвар махсус таъкид кард.
Зикр гардид, ки ташаккули худшиносӣ вобаста аст ба он, ки шахс бо таърихи гузаштаи аҷдоди хеш то кадом сатҳ ошноӣ дорад. Маълумоти кофӣ доштан аз таърихи гузашта дар шахс худшиносиро ба вуҷуд оварда, ҳувияти ватандориро қавӣ мегардонад.
  • Ҳамзамон Абдуллоҳи Раҳнамо зимни андешаронӣ дар мавриди ташаббусҳои ҷаҳонии кишвари азизамон изҳор дошт, ки дар воқеъ ин иқдомҳо дар муаррифиву шинохти кишвари соҳибтамаддуни миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ замина гузошта, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун сарвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим ҷаҳониён шинохтанд.
Дар ҳамоиш масъалаҳои ҷараёни татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», пешгирии амалҳои номатлуб, шомил шудан ба гурӯҳҳои тундгарою ифротгаро, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва дигар масъалаҳои мубрам баррасӣ карда шуданд.
Нашр шудааст: 26.09.2023