Санаи 24 ноябри соли 2023 дар Агентии омор ба муносибати таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Ҳамоиш дар вазъи тантанавӣ бо ворид намудани Парчами давлатӣ ба толор ва садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфт. Зимни ҳамоиш муовини якуми Директори Агентӣ Асо Нурулло Асват Парчами кишварро ҳамқадами соҳибистиқлолии ватанамон унвон намуда, иброз дошт, ки он дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ ба шумор меравад.
-
Таъкид гардид, ки қабули Парчами давлатӣ дар вазъияти ниҳоят мураккаби солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба мардуми мо рӯҳу тавони тоза бахшида, қувваҳои солими ҷомеаро муттаҳид сохт ва онҳоро неру бахшид, то таҳти парафшонии он оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро хомӯш карда, қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва сохтори конститутсиониро дар кишвар барқарор намоянд.
Асо Нурулло изҳор дошт, ки воқеан, парчамдориву парчамбардорӣ ба халқи мо аз аҷдодон мерос монда, пайдоиши он таърихи хеле қадимӣ дорад. Агар ба рамзҳо бо назари таҳқиқ ва таҳлил нигарем, ҳар як рамз то андозае равшангари таърих, сарнавишту саргузашти қавмҳо, халқиятҳо, миллату давлат, инъикосгари фарҳангу тамаддун, орзуву ормонҳои мардуманд.
«Парчами мо рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва умед ба фардои халқи Тоҷикистон аст. Аз ин рӯ, муҳаббат ва эҳтироми Парчами миллии мо бояд дар қалби ҳар фарди Тоҷикистон маъво дошта бошад ва ӯро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд. Яъне, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бояд рисолати таърихӣ, қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа бошад» - зикр намуд Асо Нурулло.
Дар идомаи маҷлис кормандони Агентӣ оид ба таърихи парчамдорӣ, ҳувияти миллӣ ва эҳтиром ба ин рамзи муқаддаси миллӣ ибрози андеша намуданд.