«Демографияи солонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» маълумотҳое, ки равандҳои демографиро дар ҷумҳурӣ тавсиф менамоянд, дарбар мегирад.
Дар фасли «Шумораи аҳолӣ» маълумотҳо дар бораи аҳолии доимӣ аз давраи солҳои 1989-2020 ҷой дода шудааст. Дар фаслҳои минбаъда тавсифоти умумии таваллуд, фавт, инчунин никоҳ ва талоқ дода мешавад. Маълумотҳо дар асоси сабти ҳуҷҷатҳои солонаи таҳияшуда, аз мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ) ворид шудаанд. Дар маҷмӯа ҳамчунин маълумотҳои тадқиқот дар бораи тавсифи нишондиҳандаҳои фавти кӯдакон ва тифлони навзод ва маълумотҳои бақайдгирии таваллудшудагон (ТМИК-2000, ТМИК-2005, ТСЗТ-2007, Таҳқиқоти фавти кӯдакони навзод, кӯдакон ва модарон соли 2010), Таҳқиқоти Тиббӣ-Демографии Тоҷикистон дар солҳои 2012-2017 оварда шудааст.
Маълумотҳои оид ба муҳоҷирати аҳолӣ дар асоси таҳияи солонаи талонҳои кӯчидаомадан ва кӯчида рафтан (ба қайд гирифтан ва аз қайд баромадан вобаста ба иваз кардани ҷои доимии истиқомат), ки аз мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ гирифта шудааст, нишон дода мешаванд.
Дар маҷмӯа ҳамчунин маълумотҳо оиди характери равандҳои демографӣ дар дигар мамлакатҳо, оварда шудааст.