Таҳти ин унвон имрӯз дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.
-
Дар ҷамъомад роҳбарият ва кормандони Агентӣ, муовини раиси КИҲХДТ дар шаҳри Душанбе Дилрабо Ашурова ва намояндаи КИҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Фарангис Абдуллоева иштирок доштанд.
Директори Агентии омор Нурмаҳмадзода Ҷамшед иброз дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби мардумӣ буда, дар асоси ормонҳои халқи шарифи кишварамон таъсис ёфтааст. Зеро дар тӯли беш аз ду даҳсолаи охир аксари ҳодисаҳои муҳими таърихи навини Тоҷикистон, бешубҳа, бо фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иртиботи қавӣ доранд.
“Мардуми шарифи кишвар низ тамоми ибтикорот, барномаҳо ва иқдомҳои ин ҳизби созандаро ҳамешаву пайваста тарафдориву дастгирӣ менамоянд, зеро фаъолияти ҳизб комилан ба беҳбуд бахшидан ба вазъи иҷтимоии аҳолӣ, таъмину сулҳу субот ва пешрафти иқтисодии кишвар равона гардидааст” – зикр намуд Нурмаҳмадзода.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд:
«Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи Истиқлолияти мамлакат буда, аз умқи мардум реша мегирад ва он ҳимояи манфиатҳои халқро ҳадафи асосии худ қарор дода, барои саодати халқ ва ободии Ватан саъю талош меварзад».
Дар давоми ҷамъомад Дилрабо Ашурова баён дошт, ки имрўз бо қаноатмандӣ гуфта метавонем, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба як нерўи тавонои сиёсӣ табдил ёфтааст ва шумораи аъзои ҳизб ба зиёда 500 ҳазор нафар расида, пояҳои сохтории он пурра такмилу таҳким ёфтааст.
“Мардуми кишвар эътимоди қавӣ доранд, ки ҳар як узви Ҳизби халқии демкоратии Тоҷикистон дар пайравӣ ба бунёдгузор ва Роҳбари муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оянда низ барои татбиқи вазифаҳои стратегии давлату Ҳукумат, такмили низоми қонунгузорӣ, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, вусъат додани ғояҳои созандаи ватандӯстона ва тақвият бахшидани худшиносиву худогоҳии миллӣ саҳми босазои худро мегузорад” – таъкид дошт Дилрабо Ашурова.
Дар охири ҷамъомад як зумра кормандон ба сафи аъзоёни ҲХДТ пазируфта шуда, дар вазъи тантанавӣ ба онҳо шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.