Дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ баҳисобгирии оморӣ, бояд ҳатмӣ, пурра ва бе нуқсон амалӣ гардад. Мақомоти давлатӣ дар ин бобат ва ҳамчунин ҷиҳати ба стандартҳои байналхалқӣ мутобиқ будани ҳисоботи муҳосибавӣ бояд тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Эмомалӣ Раҳмон

ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ НИКОҲ ЗИЁДУ ТАЛОҚ КАМ ШУДААСТ

Масъулин мегӯянд, яке аз сабабҳои кам шудани ҷудошавии оилаҳо, ин бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ мебошад.
  • Дар шаҳри Душанбе давоми нимсолаи якуми соли ҷорӣ 940 ҳолати бекор кардани ақди никоҳ ба қайд гирифта шудаст, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 349 ҳолат ё 27,1 фоиз кам мебошад.
Дар ҳамин ҳол ба иттилои манбаъ,бастани ақди никоҳ дар шаҳри Душанбе нисбати нимсолаи якуми соли 2022-юм 341 ҳолат зиёд шудааст. Яъне шумораи никоҳҳои бақайдгирифтаи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар шаҳри Душанбе дар моҳҳои январ-июни соли 2023 ба 3428 ҷуфт расидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 11,0 фоиз зиёд мебошад.
Ба гуфтаи масъулини соҳа яке аз сабабҳои кам шудани ҷудошавии оилаҳо бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ аз ҷониби мақомоти дахлдор аст.
Камшавии шумораи никоҳ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ 2,2 фоиз (14 ҷуфт) ба қайд гирифта шудааст. Ин нишондиҳанда дар ноҳияҳои Фирдавсӣ 6,8 фоиз (50 ҷуфт), Шоҳмансур 40,8 фоиз (200 ҷуфт) ва Сино 8,6 фоиз ё 105 ҷуфт зиёд гардидааст. Коэффитсиенти умумии никоҳ дар моҳҳои январ-июни соли 2023 ба ҳар 1000 нафар аҳолӣ 5,6 ададро ташкил додааст.
  • Камшавии шумораи талоқҳои бақайдгирифташуда дар ноҳияҳҳои Фирдавсӣ 34,7 фоиз (122 ҳолат), Шоҳмансур 30,0 фоиз (72 ҳолат), Исмоили Сомонӣ 16,8 фоиз (30 ҳолат) ва Сино 24,1 фоиз ё 125 ҳолатро ташкил додааст.
Коэффитсиенти умумии талоқ дар моҳҳои январ-июни соли 2023 ба ҳар 1000 нафар аҳолӣ 1,5 ҳолат рост омадааст.
  • Дар моҳҳои январ-июни соли 2023 ба 1000 никоҳи басташуда 274 талоқ рост омадааст, ки ин нишондод дар ҳамин давраи соли 2022 - юм 418 ҳолатро ташкил медод.
Нашр шудааст: 16.10.2023