Дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ баҳисобгирии оморӣ, бояд ҳатмӣ, пурра ва бе нуқсон амалӣ гардад. Мақомоти давлатӣ дар ин бобат ва ҳамчунин ҷиҳати ба стандартҳои байналхалқӣ мутобиқ будани ҳисоботи муҳосибавӣ бояд тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Эмомалӣ Раҳмон

ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Даромади пулии аҳолӣ аз 41,1 миллиард сомонии соли 2018 ба 95,1 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расонида шуд

Бо гузашти ҳар сол қадру манзалати неъмати бузурги Истиқлол барои мардуми тоҷик бештар мешавад. Зеро мардуми кишвар дарк менамоянд, ки маҳз расидан ба истиқлоли давлатӣ шароит фароҳам овард, ки миллати куҳанбунёди тоҷик барои амалисозии ормонҳои ҳазорсолаи хеш камари ҳиммат бибандад ва бо саъю талошҳои Пешвои муаззами хеш дар ҳамаи арсаҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гардад. Воқеан, даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.
Ҷои таъкид аст, ки маҳз расидан ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ва бо ҳамин роҳ аз хатари нобудӣ наҷот додани давлати тоҷикон ва аз парокандагӣ эмин нигоҳ доштани миллати тоҷик дастоварди бузургтарини таърихии мо дар замони соҳибистиқлолӣ мебошад, ки дар натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзӣ, ҷонбозиҳо, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва дар маҷмуъ сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ба он муваффақ гардидем.
Бояд гуфт, ки Истиқлоли давлатӣ дар ташаккул ва рушди иқтисодиёти миллӣ аҳамияти бузургу таърихӣ дорад. Чунки маҳз Истиқлоли давлатӣ барои амалӣ гардидани ҳадафҳои муҳими стратегӣ, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва самаранок истифода бурдани нерӯи барқ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ бо ғизои хушсифат ва саноатикунонии босуръати кишвар ва вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул муайян карда шуда, то ин давра барои амалӣ намудани ҳадафҳои мазкур корҳои зиёде ба анҷом расонида шуданд.
Бо сиёсати хирадмандона ва санҷидаву дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ба даст овардани сулҳу ваҳдати сартосарӣ рушди босуботи иҷтимоиву иқтисодии кишвар оғоз гардид.
  • Маълумотҳои оморӣ нишон медиҳанд, ки дар панҷ соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёти кишвар дар сатҳи 7,4 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 71,1 миллиард сомонии соли 2018-ум то 115,7 миллиард сомонӣ дар соли 2022 ва даромади буҷети давлатӣ аз 23,9 миллиард сомонӣ ба 36,1 миллиард сомонӣ расонида шуд. Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ қариб 1,6 баробар ва буҷети давлатӣ 1,5 баробар зиёд гардида, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ беш аз 1,5 баробар афзоиш ёфт.
Ҳамзамон дар ин давра сатҳи некуаҳволии мардум тадриҷан баланд шуда, даромади пулии аҳолӣ аз 41,1 миллиард сомонии соли 2018 ба 95,1 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расонида шуд, яъне он 2,3 баробар зиёд гардид. Музди миёнаи меҳнат дар кишвар 1,4 баробар афзоиш ёфт.
  • Дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ аз 27,4 фоизи соли 2018 то 22,5 фоиз дар соли 2022 коҳиш дода шуд.
  • Дарозумрии эҳтимолии аҳолӣ дар мавриди таваллуд дар ин давра аз 74,9 сол то 76,3 сол баланд гардидааст, ки 1,4 сол зиёд мебошад.
Дар соҳаи маориф бошад, теъдоди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ аз 615 адади соли 2018 то 707 адад дар соли 2022 расонида шуда, шумораи кӯдакони муассисаҳои томактабӣ аз 93,1 ҳазор нафар ба 102,5 ҳазор нафар ё 10,1 фоиз зиёд гардидааст.
Теъдоди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз 3870 адади соли 2018 ба 3967 адад дар соли 2022 расида, шумораи хонандагон аз 1906,3 ҳазор нафар то 2232,1 ҳазор нафар ё 17,1 фоиз зиёд гардид.
Дар соҳаи тандурустӣ шумораи духутурони ҳамаи ихтисосҳо аз 18716 нафар то 20100 нафар, яъне 7,4 фоиз зиёд гардидааст. Шумораи кормандони миёнаи тиббӣ бошад, аз 51788 нафар то 58600 нафар зиёд гардидааст, ки 13,2 фоизро ташкил медиҳад.
Албатта, ноил гардидан ба ин нишондиҳандаҳо дар як муддати кӯтоҳ воқеан дастоварди беназири сиёсати мардумпарваронаи Сарвари хирадманди давлат аст.
Нашр шудааст: 27.09.2023