Таҳсилоти томактабӣ яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи маориф маҳсуб ёфта, аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ мунтазам дастгирӣ меёбад. Қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба таҳсилоти томактабӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки назорат ва расондани ёрии методӣ ба субъектҳои раванди таълиму тарбия рӯ ба беҳбудӣ овардааст. Сол то сол шумораи муассисаҳои таҳсилоти тоамктабӣ ва фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои мазкур меафзояд.
-
Теъдоди муассисаҳои томакматбӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 01.01.2023 ба 707 адад ва шумораи тарбиятгирандагон ба 102525 нафар расидааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 11 муассиса ва 1355 кӯдак зиёд мебошад. Имрӯз, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 26 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 1947 кӯдак, дар вилояти Хатлон 162 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 17752 кӯдак, дар вилояти Суғд 277 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 42625 кӯдак, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 81 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 8566 кӯдак ва дар шаҳри Душанбе 161 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 30727 кӯдак фаъолият менамоянд.
Соли 2019 «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» қабул гардид. Мақсад ва вазифаҳои асосии Барномаи зикршуда рушди зинаи таҳсилоти томактабӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, фарогири ҳарчи бештари кӯдакон ва амалӣ намудани нишондодҳои муҳим дар зинаи таҳсилоти томактабӣ мебошад.
Қайд кардан зарур аст, ки дар сурати амалӣ гардидани нишондодҳои барнома, дар низоми таҳсилоти томактабӣ дигаргуниҳои назаррас ба амал хоҳанд омад. Яке аз омилҳои баланд гардидани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои томактабӣ таъмини онҳо бо мутахассисони соҳибмаълумоту варзида ба шумор меравад.
Ҳоло дар муассисаҳои томактабии шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ 10150 нафар корманди педагогӣ фаъолият менамояд.