Раёсати омори кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Агентии омор пас аз ҷамъоварӣ, коркард ва ҷамъбасти ҳисоботҳои омории пешниҳодгардида муайян намуд, ки дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ рушди истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар кишвар 107,9 дарсадро ташкил додааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аксар суханрониҳояшон ба масъалаҳои ҳифзи амнияти озуқавории кишвар, истифодаи оқилонаи ҳар як ваҷаб замин, гирифтани се-чор ҳосил дар сол, афзоиш додани майдони кишти зироатҳои таъйиноти ғизоӣ, ҷамъоварии беталафи ҳосил ва таъмини муттасили бозори дохилӣ таъкид менамоянд.
Хуршед Қосимов, сардори Раёсати омори кишоварзии Агентии омор дар суҳбат бо хабарнигори маҷалла гуфт, ки дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ ва иқдомҳои лозимӣ, бахши кишоварзӣ дар кишвар ҳамасола рушд меёбад ва дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ низ рушди истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ хеле назаррас аст.
Ҳамсуҳбати мо афзуд, ки онҳо бо дарки аҳамияти соҳаи кишоварзӣ дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар ҳамеша талош менамоянд ҷамъоварӣ, коркард ва ҷамъбасти ҳисоботҳои марбут ба ин бахшро дар сатҳи баланд ва дар муҳлати муқарраргардида ба анҷом расонанд.
“Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ҳаљми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар ҳамаи категорияҳои хоҷагӣ ба 18 миллиарду 658,7 миллион сомонӣ баробар шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 7,9 фоиз зиёд мебошад. Аз ҷумла, дар соҳаи растанипарварӣ 13 миллиарду 224,3 миллион сомонӣ, ё 10,4 фоиз ва чорвопарварӣ бошад, 5 миллиарду 434,4 миллион сомонӣ ё 2,4 фоиз зиёд аст”- зикр намуд Қосимов.
Бояд гуфт, ки дар ин давра ҳиссаи вилояти Хатлон дар маҷмуи умумии маҳсулоти кишоварзии мамлакат 64,1 фоизро ташкил дода, ҳаҷми истеҳсол ба 11 миллиарду 953,7 миллион сомонӣ ё 106,0 фоиз баробар гардидааст.
Тибқи иттилоъ, дар нимсолаи якуми соли 2023 ҳиссаи хољагињои ҷамъиятӣ дар ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ 10,2 фоизро ташкил додааст, ки ин нишондод дар хоҷагиҳои вилоятҳои Суғд 21,1 фоиз, Хатлон 5,5 фоиз, ВМКБ 0,5 фоиз ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 15,6 фоиз баробар аст.
Аз ҷумла, дар ин давра ба хоҷагиҳои дењқонӣ 45,5 фоизи ҳиссаи ҳаҷми умуми маҳсулоти кишоварзӣ рост меояд. Дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ҳиссаи хоҷагиҳои аҳолӣ 44,3 фоизро ташкил медиҳад, ки ин нишондод дар хоҷагиҳои ВМКБ 96,7 фоиз, вилоятҳои Суғд 38,5 фоиз, Хатлон 44,5 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 49,3 фоизро ташкил медиҳад.