Дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ баҳисобгирии оморӣ, бояд ҳатмӣ, пурра ва бе нуқсон амалӣ гардад. Мақомоти давлатӣ дар ин бобат ва ҳамчунин ҷиҳати ба стандартҳои байналхалқӣ мутобиқ будани ҳисоботи муҳосибавӣ бояд тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Эмомалӣ Раҳмон

КОНСТИТУТСИЯ – БАХТНОМАИ МИЛЛАТ. ТАҲТИ ИН УНВОН ДАР АГЕНТИИ ОМОР ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ ДОИР ГАРДИД

Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар роҳи бунёд ва рушди давлати навини тоҷикон нақши сарнавиштсоз дорад, яке аз дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон мебошад.
  • Ин нукта зимни ҷамъомади тантанавӣ, ки дар Агентии омор бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, зикр карда шуд.
Ҷамъомади мазкур имрӯз, 3 ноябр дар толори калони агентӣ баргузор шуда, дар он роҳбарият ва кормандони мақомот ширкат варзиданд.
Муовини Директори Агентии омор Назарзода Зарина зикр намуд, ки мақсади баргузории ҷамъомади мазкур-эҳтиром ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, пойдории волоияти қонун, таҳкими ҳуқуқу озодиҳои инсон, ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.
«Конститутсия ҳамчун муҳимтарин омили таъмини истиқлоли миллӣ ва якпорчагии кишвар тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро кафолат дода, халқи Тоҷикистонро сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуд»,-иброз дошт Назарзода Зарина.
Иштирокчиёни ҷамъомад зикр намуданд, ки Конститутсия аз як тараф, барои рушди давлати демократӣ ва таъсиси низоми самарабахши ҳокимияти давлатӣ заминаи ҳуқуқӣ гузошта, аз ҷониби дигар, барои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар саросари мамлакат шароити мусоид фароҳам овард. Мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол баробари қабули аввалин Конститутсияи худ озодӣ ва ҳуқуқи инсонро муқаддас ва бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ эълон карда, унсурҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандиро муайян намуд. Бо иродаи озодонаи мардуми сарбаланди кишвар қабул гардидани Конститутсия баёнгари маданият ва ҷаҳонбинии пешрафтаи ҳуқуқии халқи тоҷик мебошад. Ин санади сарнавиштсози таърихӣ манфиатҳои олии миллат ва давлати соҳибистиқлоламонро инъикос намуда, ба омили муҳимтарини кафолати устувории ҳаёти сиёсии ҷомеа мубаддал гардид.
Нашр шудааст: 04.11.2023