Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР АГЕНТИИ ОМОР

Имрӯз Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ гузаронид.

Дар нишасти матбуотӣ намояндагони рӯзномаю маҷаллаҳо, шабакаҳои иттилоотӣ, телевизион ва радио, аз ҷумла: АМИТ «Ховар», шабакаҳои телевизионии “Мир”, ва “Сафина”, “Илм ва табиат”, радиоҳои “Ховар”, “Радиои Тоҷикистон”, “Озодӣ”, “Овози тоҷик”, “Садои Душанбе” ва рӯзномаи “Садои мардум” иштирок намуданд.

Аз рӯи рӯзномаи нишаст Директори Агентии омор Ҷамшед Нурмаҳмадзода ба рӯзноманигорон дар бораи фаъолияти мақомоти давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 ва вазифаҳои минбаъда то охири сол гузориш дод. Инчунин рафти нишаст дар бораи нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон пахши иттилоотӣ пешниҳод карда шуд.

  • Аз ҷониби намояндагони воситаҳои ахбори омма вобаста ба мавзӯъҳои соҳавӣ саволҳои зерин пешниҳод гардиданд:

- ҳаҷми интиқоли пули муҳоҷирон ба Тоҷикистон;

- ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ байни Тоҷикистону Швейтсария;

- таркиби сабади истеъмолӣ;

- ҳаҷми содироти неруи барқ ба хориҷи кишвар;

- таносуби аҳолии шаҳру деҳот;

- шумораи аққалиятҳои динӣ ва миллӣ дар мамлакат;

- шумораи корхонаҳои саноатӣ ва ҷойҳои нави корӣ дар самти саноат;

- шумораи шаҳрвандони хориҷии истиқомати доимидошта дар Тоҷикистон;

- натиҷаҳои барӯйхатгиррии аҳолӣ;

- шумораи марказҳои хизматрасонӣ;

- сармоягузории хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайраҳо.

Ба саволҳои аз ҷониби намояндагони воситаҳои ахбори омма вобаста ба масъалаҳои ба мақомоти омор мансубиятдошта аз ҷониби роҳбарияти Агентии омор ҷавобҳои мушаххас дода шуд, ки рӯзноманигорон аз ҷавобҳои додашуда қаноатманд гардиданд.

Нашр шудааст: 15.02.2024