Бо дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба афзоиши талаботи бозори дохилӣ ҳамасола дар кишвари мо кишту истеҳсоли картошка зиёд карда мешавад ва ҳадафи аслии кишоварзон ҳам дар дастрасии мардум гузоштани ин маводи ғизоии муҳим ва ҷилавгирӣ аз болоравии нархҳо мебошад.
Лахш яке ноҳияҳои кишоварзии мамлакат маҳсуб ёфта, иқлими он барои кишти картошка мутобиқат мекунад.
Кишоварзони ноҳияи Лахш дар парвариши картошка таҷрибаи зиёд дошта, бо зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли он ҳамасола дар таъмини амнияти озуқавории кишар саҳми арзанда мегузоранд.
Дар солҳои охир, мувофиқи афзалиятҳои барномаи рушди соҳаи кишоварзӣ, хоҷагиҳои калонҳаҷми ноҳияи Лахш аз нав таҷдид гардида, дар асоси он хоҷагиҳои хурди инфиродӣ ва оилавӣ таъсис ёфта истодаанд. Дар ноҳия 1785 адад хоҷагии кишоварзӣ фаъолият намуда, аз ин 7 адад хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва 1778 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошанд.
Ба гуфтаи деҳқонони ноҳия имсол дар минтақа бо мусоид омадани боду ҳаво ҳосилнокии картошка ҳам нисбат ба соли гузашта баландтар шуд.
“Вакте ки сухан дар бораи кишти картошка меравад, ба даст овардани ҳосили баланд ва бехмеваи хушсифат мақсади олии ҳар як деҳқон аст.
Зиёдшавии ҳосили картошка ва беҳтар кардани сифат аз идоракунии дурусти фосилаи тухмиҳо ва чуқурии кишт вобаста аст. Деҳқонон ва коршиносони соҳаи кишоварзӣ бояд аз талаботи мушаххаси бозор огоҳ бошанд, ки онҳо ҳадафи қонеъ гардонидани таҷрибаҳои парвариши худро мувофиқи мақсад доранд” – иброз медорад Малоҳат Раҳмонова, раиси Хоҷагии деқонии “Мадаш”-и Ҷамоати деҳоти Сайлободи ноҳия.
Бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи мо низ, чун дигар навоҳии кишвар, ҳамасола майдонҳои кишт зиёд карда мешаванд. Имсол кишоварзони ноҳияи Лахш майдони кишти картошкаро асосан аз ҳисоби талу теппаҳои бекорхобида зиёдтар карданд. Масалан, дар ҷамоати Муқсу аз ҳисоби талу теппаҳо майдони кишт зиёд карда шуда, дар ҷамоатҳои Алға, Лахш ва Янгишаҳр низ бо истифода аз ин роҳ кишти картошка афзоиш ёфт.
Бояд таъкид намоем, ки худи мардум ҳавасманд гардидаанд, ки ба ин кор ҷидду ҷаҳд намоянд. Зеро аз он барои зиндагияшон даромади хуб ба даст меоранд.
Тибқи иттилои мудири бахши омор дар ноҳия майдони умумии заминҳои ноҳияи Лахш 119772 гектар буда, аз он майдони заминҳои обӣ 8609 гектар ва заминҳои лалмӣ 2058 гектарро ташкил медиҳад. Заминҳои обӣ асосан барои кишти картошка, сабзавот, полезиҳо, мева ва токзор истифода бурда мешаванд. Соҳаҳои асосии кишоварзии ноҳияро сабзавоткорӣ, картошкапарварӣ, галлакорӣ ва чорводорӣ ташкил медиҳанд.
-
“Айни ҳол кишоварзон барои ҷамъоварии ҳосили картошка машғуланд. Ба ҳолати 1 октябри соли 2023 25766 тонна картошкаи хушсифат ҷамъоварӣ гардидааст, ки соли гузашта то ин рӯз кишоварзон беш аз 24606 ҳазор тонна ҳосил ҷамъоварӣ карда буданд. Ҳамзамон бояд гуфт, ки ҳосилнокии картошка имсол нисбат ба соли гузашта зиёд буда, аз 200/210 сентнерии соли гузашта ба 300 сентнер расидааст. Алҳол, ки сардшавии ҳаво ба назр мерасад, кишоварзони ноҳия барои ҷамъоварии ҳосили картошка ҷаҳд намудаанд ва кӯшиш доранд, ки нақшаи дурнамо барзиёд иҷро гардад” – мегӯяд мудири бахши Агентии омор дар ноҳияи Лахш Сайдаминов Нусратулло.
Таҳлилҳои мутахассисони соҳаи кишоварзии ноҳия нишон медиҳад, ки иқлими ноҳия барои парвариши картошка муносиб буда, дар оянда ноҳияро барои парвариши тухмиҳои хушсифати ватанӣ ва ба талаботи мутахассисони соҳа ҷавобгӯ оварда мерасонад.