Дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ баҳисобгирии оморӣ, бояд ҳатмӣ, пурра ва бе нуқсон амалӣ гардад. Мақомоти давлатӣ дар ин бобат ва ҳамчунин ҷиҳати ба стандартҳои байналхалқӣ мутобиқ будани ҳисоботи муҳосибавӣ бояд тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Эмомалӣ Раҳмон

ОМОР: ШУМОРАИ САЙЁҲОНИ ХОРИҶӢ РӮ БА АФЗОИШ АСТ

Давоми 9 моҳи соли 2023 шумораи шаҳрвандони хориҷие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд, бо назардошти ҳама намуди мақсадҳои сафар (хизматӣ, истироҳатӣ ва ғайра) 1 миилиону 27,6 ҳазор нафарро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 156,9 ҳазор нафар ё 18,0 фоиз афзудааст.
Аз шумораи умумии шаҳрвандони хориҷие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд, 802,3 ҳазор нафарашон ба ҳайси сайёҳ (тибқи методологияи Созмони Умумиҷаҳонии Сайёҳӣ) арзёбӣ мегарданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 17,1 фоиз зиёд шудааст.
  • Шумораи шаҳрвандони хориҷие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давлатҳои ИДМ ворид шудаанд, 950,1 ҳазор нафар (92,5 фоиз аз шумораи умумӣ), аз он 737,2 ҳазор нафар ба ҳайси сайёҳ ва аз давлатҳои хориҷи дур 77,5 ҳазор нафар (мутаносибан 7,5 фоиз аз шумораи умумӣ), аз он 65,1 ҳазор нафар ба ҳайси сайёҳ арзёбӣ мегарданд.
Дар ин давра шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз кишвар хуруҷ шудаанд, 2 миллиону 513,9 ҳазор нафарро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 485,2 ҳазор нафар ё 23,9 фоиз зиёд мебошад.
Нашр шудааст: 31.10.2023