11 августи соли 2023 Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи Агентӣ бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ гузаронид.
Дар нишасти матбуотӣ намояндагони рӯзномаю маҷаллаҳо, шабакаҳои иттилоотӣ, телевизион ва радио, аз ҷумла: АМИТ «Ховар», агентиҳои “Спутник Россия”, “Авесто”, шабакаҳои телевизионии “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, “Душанбе”, “Ҷаҳоннамо”, радиоҳои “Ховар”, “Радиои Тоҷикистон”, “Овози тоҷик”, рӯзномаву маҷаллаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Народная газета», «Ҷавонони Тоҷикистон», “Минбари халқ”, «Истиқлол», “Халқ овози”, саҳифаи интернетии “Radiotoj” иштирок намуданд.
Ҳамзамон, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Исмоилзода дар ҷараёни баргузории нишасти матбуотӣ ҳузур дошт.
То оғози нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон дар бораи фаъолияти мақомоти давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2023 ва вазифаҳои минбаъда то охири сол, инчунин дар бораи нишондиҳандаҳои вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон пахши иттилоотӣ пешниҳод карда шуд. Барои истифодабарӣ маводҳо, аз ҷумла: гузориш оид ба вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2023 (бо забонҳои давлатӣ ва русӣ), гузориш оид ба вазъи демографии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2023 (бо забонҳои давлатӣ ва русӣ) ва маърӯзаи фишурда дар бораи натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти мақомоти давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2023 пешниҳод гардид.
Дар нишасти матбуотӣ Директори Агентии омор Ҷамшед Нурмаҳмадзода дар бораи натиҷаҳои ҷамъбастии фаъолияти мақомоти омор дар нимсолаи аввали соли 2023 ва нақшаву вазифаҳои дар пеш истода, ҳисоботи муфассал манзур намуд.
Ҳамзамон ба рӯзноманигорон дар муҳокимаи мавзӯъҳои вобаста ба соҳаи омор аз ҷониби Директори Агентӣ ва сардорони раёсату шуъбаҳои соҳавӣ посухҳои мушаххас манзур карда шуд.
Аз ҷониби намояндагони воситаҳои ахбори омма вобаста ба мавзӯъҳои соҳавӣ саволҳои зерин пешниҳод гардиданд:
- шумораи сайёҳони хориҷӣ дар нимсолаи аввали соли 2023 ба Тоҷикистон;
- шумораи муњољирони мењнатии берунаи Љумњурии Тољикистон бо таќсимот аз рўи давлатњо;
- нархи маҳсулоти озуқа;
- шумораи бекорон;
- шумораиаққалиятҳо имиллӣ дар мамлакат;
- миқдори воридоти маводи сӯзишворӣ ва ғалладонагӣ ва Тоҷикистон;
- натиҷаҳои барӯйхатгиррии аҳолӣ;
- омори таваллуд, фавт, никоҳу талоқ;
- сармоягузории хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайраҳо.
Ба саволҳои аз ҷониби намояндагони воситаҳои ахбори омма вобаста ба масъалаҳои ба мақомоти омор мансубиятдошта, аз ҷониби Роҳбарияти Агентии омор ҷавобҳои мушаххас дода шуд.