Дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ баҳисобгирии оморӣ, бояд ҳатмӣ, пурра ва бе нуқсон амалӣ гардад. Мақомоти давлатӣ дар ин бобат ва ҳамчунин ҷиҳати ба стандартҳои байналхалқӣ мутобиқ будани ҳисоботи муҳосибавӣ бояд тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Сафари Гурӯҳи корӣ ба мақомоти омори маҳаллӣ

Дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти Агентии омор ҷиҳати рушди низоми омор ва фаъолияти мақомоти омор дар сатҳи минтақаҳо, Гурӯҳи корӣ бо намояндагии мутахассисони соҳа аз Дастгоҳи марказии Агентӣ ба минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон сафарбар гардиданд.

Ҳадаф аз ин сафар, пеш аз ҳама санҷиши фаъолияти мақомоти омори маҳаллӣ, раванди ҷамъоварӣ ва ҷамъбасти маълумотҳои аввалия, гузаронидани таҳқиқотҳои оморӣ, сатҳи дониши кормандон дар самти донистани методологияи ҷамъоварии маълумотҳои оморӣ, тарзи дурусти таҳияи парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва дигар корҳои ба зиммаи мақомоти маҳаллӣ вогузоршуда мебошад.

Ҳамзамон аз тарафи Гурӯҳи корӣ, ҷиҳати бартараф намудани камбудиву мушкилотҳои ҷойдошта ва ба ин васила мукаммал гардидани низоми идоракунии оморӣ дар маҳалҳо бо баргузории суҳбату мулоқот ва нишастҳо машваратҳои методӣ ва тавсияҳои судманд дода шуд.

 

Нашр шудааст: 18.03.2023