Мутобиқи қонунгузорӣ тамоми корхонаҳо, ташкилотҳо, муассисаҳо ва умуман ҳамаи субъектҳои истеҳсоливу ғайриистеҳсолӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон бояб ба мақомоти оморӣ ҳисоботи заруриро саривақт, пурра ва ба таври дақиқ пешниҳод намоянд.

Эмомалӣ Раҳмон

САФАРИ ГУРӮҲИ КОРӢ БА МИНТАҚАИ РАШТ

Дар асоси дастури роҳбарияти Агентии омор “Дар бораи воқеъбинона муайян намудани майдони кишт ва ҷамъоварии ҳосили картошка дар соли 2023” ҷиҳати рушди низоми омор ва фаъолияти мақомоти омор дар сатҳи минтақаҳо, гурӯҳи корӣ бо намояндагии мутахассисони соҳа аз Дастгоҳи марказӣ ва Муассисаи давлатии “Маркази кулли ҳисоббарор”-и Агентӣ ба минтақаи Рашт сафарбар гардиданд.
Ҳадаф аз ин сафар, пеш аз ҳама муайян намудани майдони кишт, заминҳои ба гардиши кишоварзӣ даровардашуда, ҷамъоварии ҳосили картошка ва пешниҳоди дурусти маълумот аз ҳосил, санҷиши фаъолияти мақомоти омори маҳаллӣ, раванди ҷамъоварӣ ва ҷамъбасти маълумотҳои аввалия, гузаронидани таҳқиқотҳои оморӣ, сатҳи дониши кормандон дар самти донистани методологияи ҷамъоварии маълумотҳои оморӣ, тарзи дурусти таҳияи парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва дигар корҳои ба зиммаи мақомоти маҳаллӣ вогузоршуда мебошад.
Ҳамзамон аз тарафи гурӯҳи корӣ, ҷиҳати бартараф намудани камбудиву мушкилотҳои ҷойдошта ва ба ин васила мукаммал гардидани низоми идоракунии оморӣ дар маҳалҳо бо баргузории суҳбату мулоқот ва нишастҳо бо кормандони мақомоти омори маҳал ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот машваратҳои методӣ ва тавсияҳои судманд дода шуд.
Инчунин гурӯҳи корӣ аз рафти ҷамъоварии ҳосили картошка ва мева дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои Лахш, Тоҷикобод, Рашт ва Нуробод дидан намуда, дар якҷоягӣ бо мақомоти омори маҳаллӣ вазъи ҳисоботсупорӣ аз ҳосили бадастомадаро мавриди назар қарор доданд.
Аз тарафи гурӯҳи корӣ истифодаи заминҳои наздиҳавлигӣ боздид карда шуда, маълум гардид, ки сокинони заҳматпешаи ноҳияҳои мазкур аз имкониятҳои мавҷуда дар самти ба даст овардани ҳосили хуб самаранок истифода намуда, ҳам дар беҳтар намудани вазъи зиндагии хеш ва ҳам дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Тибқи таҳлили маълумотҳои оморӣ дар 9 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Лахш ба 185,7 миллион сомонӣ баробар гардида нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 102,6 фоизро ташкил додааст. Ба ҳамин маъно дар ноҳияи Тоҷикобод дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти умумии кишоварзӣ ба 186 миллион сомонӣ ё 105,6 фоиз, дар ноҳияи Рашт ба 459,9 миллион сомонӣ ё 108 фоиз ва дар ноҳияи Нуробод бошад, ба 197,2 миллион сомонӣ ё 106,7 фоиз баробар гардидааст, ки зиёдшавии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияҳои мазкур асосан аз ҳисоби зиёд гардидани истеҳсоли гандум, картошка, сабзавот, гушт ва шир мебошад.
Бояд гуфт, ки гурӯҳҳои корӣ дар асоси нақшаи дарсҳо ва машғулиятҳо барои мақомоти омори маҳал, ки аз ҷониби Директори Агентии омор ҷиҳати гузаронидани ислоҳот дар ҳамаи соҳаҳо тасдиқ шудааст, ба дигар минтақаҳо низ мунтазам сафарбар мегарданд.
Нашр шудааст: 01.11.2023