Дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ баҳисобгирии оморӣ, бояд ҳатмӣ, пурра ва бе нуқсон амалӣ гардад. Мақомоти давлатӣ дар ин бобат ва ҳамчунин ҷиҳати ба стандартҳои байналхалқӣ мутобиқ будани ҳисоботи муҳосибавӣ бояд тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Эмомалӣ Раҳмон

САФАРИ КОРӢ БА НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини иҷрои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2023 ва бартараф намудани камбудию норасоиҳои ҷойдошта дар маҳалҳо, вусъати корҳои ободонию созандагӣ, хусусан ҷиҳати таҷлили сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шиносоӣ бо фаъолияти корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, муайян намудани сабабҳои пурра иҷро нагардидани даромади буҷети давлатӣ ва нақшаи ҷамъоварии андозҳо, андешидани тадбирҳои мушаххас ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024, махсусан соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ, муассисаҳои нигоҳдории роҳҳо ва истгоҳу зеристгоҳҳои барқтаъминкунӣ ва аҳолӣ, гузаронидани суҳбату вохӯриҳо бо мардум ва ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба истифодаи самараноки неруи барқ ва пардохти саривақтии истифодаи он, боздид намудан аз вазъи истифодаи оқилонаи замин, кишти такрорӣ, сари вақт ҷамъоварӣ кардани ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ, махсусан пахта, ташкили ярмаркаҳои фурӯши маҳсулот дар бозорҳо ва ба ин васила бартараф кардани камбудиҳо дар самти болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ, беҳтар намудани нишондодҳои оморӣ, боздид аз қисмҳои низомӣ ва ҷиҳати натиҷагирӣ аз фаъолияти нуҳмоҳа доир намудани ҷаласаҳои ҷамъбастӣ, рӯзҳои 4-6 октябри соли 2023 намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Ҷамшед бо сафари корӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов қарор дошт.
  • Боздид аз рафти ҷамъоварии саривақтии ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия
Шиносоӣ бо ҷараёни ҷамъоварии пахта дар хоҷагии деҳқонии “Бобокалонов Шавкат”
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат дар самти ҷамъоварии саривақтии ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ, 4 октябр намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои саҳроӣ, аз ҷумла рафти ҷамъоварии пахта, аз хоҷагии деҳқонии “Бобокалонов Шавкат” воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз дидан намуд.
Зимни боздид аён гардид, ки дар саҳро ҳанӯз пахта фаровон буда, масъулинро зарур аст бо афзун намудани шумораи чинакчиён тамоми ҳосилро саривақту беталаф ҷамъоварӣ намоянд. Иттилоъ дода шуд, ҳудуди хоҷагии мазкур 18,5 гектарро ташкил дода, аз ин дар 10 гектар пахта кишт карда шудааст, ки дар чиниши якум то 30 сентнер пахта ҷамъоварӣ карда шуда, айни замон чинакчиён ба чиниши дуюм шурӯъ намудаанд. Айни ҳол, дар хоҷагӣ 22 нафар ба кори доимӣ ҷалб гардидаанд, ки аксари онҳо сокинони маҳаллаҳои атроф буда, бо маоши хуб ва хӯроки яквақтаина таъмин мебошанд.
Тибқи иттилои масъулин имсол дар ноҳия дар ҳудуди 3850 гектар кишти пахта гузаронида шуда, дурнамои ҷамъоварии ҳосили он дар соли 2023-юм 12833 тонна пешбинӣгардидааст, ки то имрӯз ба хирмани кишвар 5445 тонна пахта супорида шуда, 42 фоизи нақшаи пешбинишударо дарбар мегирад.
Аз тарафи роҳбари гурӯҳи корӣ ба кишоварзон ва масъулини соҳа бо истифода аз боду ҳавои муносиб барои муташаккилона ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта ва саривақт пардохт кардани маблағи чинакчиён, инчунин омодагӣ ба кишти тирамоҳӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.
Боздид аз хоҷагии деҳқонии “Турсунбой Саркор”
Ҳамзамон дар ҷараёни сафари корӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов роҳбари гурӯҳи корӣ аз хоҷагии деҳқонии “Турсунбой Саркор” дар ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз дидан кард.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ҳудуди хоҷагии мазкур 70 сотих макка, 50 сотих мош ва боқимонда дигар намуди зироатҳо кишт карда шудааст. Ҳамзамон дар қитъаи алоҳидаи хоҷагӣ дар ҳаҷми 1 гектар замин пахта кишт карда шуда, дар чиниши якум то 50 сентнер ҳосил ба даст овардаанд.
Аз тарафи роҳбари гурӯҳи корӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов барои чораҳои мушаххас андешидан ҷиҳати расидагӣ ба ҳалли мушкилоти норасоии оби полезӣ дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия ва мавриди истифода қарор додани заминҳои нави корам аз ҳисоби оқилона ва самаранок истифода бурдани об супоришҳои мушаххас дода шуд.
Ҳамзамон кишоварзон ҷиҳати пешниҳоди дурусти маълумоти оморӣ аз ҷамъоварии ҳосил ва кишти такрорӣ таъкид карда шуданд.
Шиносоӣ бо рафти ҷамъоварии ҳосили шолӣ
Дар идомаи сафари корӣ аз рафти ҷамъоварии ҳосили шолӣ дар хоҷагиҳои деҳқонии Ҷамоати деҳоти Деҳмой дидан карда шуд. Мавриди зикр аст, иқлими ноҳияи Ҷаббор Расулов барои кишту парвариши шолӣ ва истеҳсоли биринҷи хушсифат мувофиқ буда, дар ин самт хоҷагидорон таҷрибаи баланд доранд. Зимни боздид аз хоҷагиҳои деҳқонӣ иттилоъ дода шуд, ки имсол дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар майдони 967,4 гектар кишти шолӣ гузаронида шуда, алҳол маъракаи ҷамъоварии он бомаром ҷараён дорад. Хоҷагидорон аз зиёд гардидани ҳосилнокии шолӣ нисбати соли гузашта изҳори хушнудӣ намуда, зикр карданд, ки аз ҳар гектар замин беш аз 60-70 сентнерӣ шолӣ ҷамъоварӣ намуда истодаанд.
Боздид аз фаъолияти зеристгоҳи барқӣ
Дар идомаи сафар худи ҳамон рӯз намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ аз фаъолияти зеристгоҳи барқии воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз боздид кард. Ба роҳбари гурӯҳи корӣ иттилоъ дода шуд, ки зеристгоҳи барқии мазкур дар баробари таъмини 24500 муштарӣ, инчунин корхонаҳои истеҳсолӣ ва ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Ҷаббор Расуловро бо барқи сифатан хуби истеҳсоли ватанӣ таъмин менамояд. Ба масъулини соҳа ва ҷамоатҳо ҷиҳати истифодаи мақсадноки нерӯи барқ ва таъмини босифати он ба аҳолӣ дар мавсими тирамоҳу зимистон, пардохти ғайринақдии ҳаққи нерӯи барқ ва андозҳо дастуру супоришҳои қатъӣ дода шуд.
Шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи истеҳсоли орд, хӯроки чорво ва парранда
Субҳи рӯзи 5 октябр намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ дар шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулов бо фаъолияти Корхонаи истеҳсоли орд, хӯроки омехтаи чорво ва паррандаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сомон-Кишоварз” шинос гардид. Зикр шуд, ки корхонаи мазкур моҳи апрели соли 2022 аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуда, коргоҳ иқтидор дорад, дар як шабонарӯз аз 100 то 120 тонна, дар як моҳ 3600 тонна ва дар як сол 42 ҳазор тонна орд, хӯроки омехтаи чорво ва паранда истеҳсол намояд. 50 килограмм орди навъи якум дар корхонаи мазкур 274 сомонӣ муайян гардида, масъалаи нархи орд дар корхона зери назорати доимии мақомоти дахлдор қарор дорад.
Барои истеҳсоли хӯроки чорво ва паранда ашёи хоми гандум, ҷав, ҷуворимакка, кунҷораи офтобпараст, намак, 4 намуди витаминҳо, равған ва ғайра, ки барои афзоишу солимии чорво зарур аст, истифода мешавад.
Аз ҷониби роҳбари гурӯҳи корӣ ба роҳбарияти корхонаи мазкур барои истифодаи самараноки иқтидорҳои истеҳсолӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳоли орд, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ба ин восита саҳми бештар гузоштан дар саноатикунонии мамлакат, ташкили ярмаркаҳои фурӯши орд дар бозорҳо ва нуқтаҳои муайян, аз ҷумла дар бозори марказии ноҳия ва ҷамоатҳо бо нархи дастрас дастуру супоришҳо дода шуд.
Боздид аз нуқтаи фурӯши ангишт
Худи ҳамон рӯз, ҷиҳати огоҳӣ аз сари вақт омода намудани соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 дар шаҳраки Меҳрободи ноҳия аз нуқтаи фурӯши ангиштсанг боздид карда шуд. Иттилоъ дода шуд, ки ба нуқтаи фурӯши мазкур ангишт аз конҳои шаҳрҳои Панҷакент ва Исфара ворид карда мешавад, ки айни замон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 21 нафар соҳибкор ба истеҳсол ва фурӯши ангиш машғул буда, барои бо маводи сӯзишворӣ таъмин намудани сокинон саҳми худро мегузоранд. Айни замон дар ҳамаи нуқтаҳои фурӯш зиёда аз 316 тонна ангишт доимӣ захира карда шуда, фурӯши он ба мизоҷон ҷараён дорад.
Шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи парандапарварии ҶДММ “Ганҷи Ҳилол”
Парандапарварӣ яке аз соҳаҳои муҳим ва айни замон афзалиятноки кишоварзӣ аст, ки рушди ин бахши иқтисоди миллӣ аз омилҳои зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти коркард, аз ҷумла тухму гӯшти парҳезӣ ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ватанӣ ба ҳисоб меравад.
Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ дар Ҷамоати деҳоти Деҳмой бо фаъолияти корхонаи парандапарварии ҶДММ “Ганҷи Ҳилол” шинос гардид. Маълумот дода шуд, ки дар корхонаи мазкур 46 ҳазору 770 сар мурғи тухмдеҳ парвариш карда шуда, дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ корхона зиёда аз 7 миллион дона тухм истеҳсол намудааст. Инчунин дар корхона чор бино барои парвариши 55 ҳазор сар мурғ, ки дар рӯзҳои наздик аз Ҷумҳурии Қазоқистон ворид карда мешаванд, омода карда шудааст. Ба роҳбарияти корхонаи мазкур ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди соҳаи парандапарварӣ, ҷиҳати зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли тухм ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ таъкид карда шуд.
Шиносоӣ бо фаъолияти корхонаҳоипахтатозакунии ҶДММ “Шамс 777” ва ҶДММ “Сорбон Агро”
Ҳамзамон дар ин сафар роҳбари гурӯҳӣ корӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба фаъолияти корхонаҳои пахтатозакунии ноҳия таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Нимаи дуюми рӯзи 5 октябр намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Меҳрободи ноҳия ба корхонаи пахтатозакунии ҶДММ “Шамс 777” ташриф оварда, бо фаъолияти он шинос гардид. Гузориш дода шуд, ки корхонаи мазкур то имрӯз 1400 тонна пахтаро барои коркард қабул намуда, нақша дорад, ки дар мавсими имсола то 5 ҳазор тонна пахтаро қабул намояд.
Гуфта шуд, ки дар​ корхонаи пахтатозакунии ҶДММ “Шамс 777” 30​ нафар сокинони маҳаллӣ ба шуғл фаро гирифта шуда, бо истифода аз таҷрибаҳои пешқадам барои ба даст овардани фоизнокии зиёди нахи пахта ҷаҳду талош меварзад.
Ҳамзамон дар ҷараёни сафари корӣ аз корхонаи пахтатозакунии ҶДММ “Сорбон Агро” воқеъ дар шаҳраки Меҳрободи ноҳия дидан карда шуд. Тибқи иттилоъ, дар корхонаи пахтатозакунии мазкур то инҷониб 1041 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шуда, ҳамзамон қабули он идома дорад. Ҷиҳати пешбурди кори корхона 35 нафар сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб гардида, музди меҳнаташон саривақт пардохт карда мешавад.
  • Роҳбари гурӯҳи корӣ ба масъулини корхонаҳо бо қабули пахтаи тухиӣ барои саривақт ва бе дермонӣ пардохт намудани андоз, истифодаи оқилонаи неруи барқ, истеҳсоли маҳсулоти хушсифат, пешниҳоди дурусти маълумоти оморӣ ва зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ дастуру супориш дод.
Боздид аз анбори захираи пиёз
Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳӣ корӣ дар шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулов аз анбори захираи пиёзи соҳибкор, Назаров Барот дидан кард. Маълумот дода шуд, ки то имрӯз дар анбори мазкур 1000 тонна пиёзи истеҳсолнамудаи деҳқонон барои фаровонии бозори дохилӣ захира карда шуда, қабули ин навъи зироат барои захира кардан идома дорад.
Масъулини соҳаи кишоварзии ноҳия иттилоъ доданд, ки дар маҷмӯъ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 14609 гектар замини корам мавҷуд буда, аз он 12522 гектарашро заминҳои обӣ ва 2087 гектарашро заминҳои лалмӣ ташкил медиҳад. Дар ҳудуди ноҳия дар умум 9 анбори пиёз мавҷуд аст, ки ба қабули пиёзи истеҳсолнамудаи деҳқонон ва нигоҳдории он фаъолият мебаранд.
Хоҷагидорону кишоварзони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо пуштибонӣ аз сиёсати муваффақонаи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини сокинон бо маҳсулоти ниёзи аввалу аз ҷиҳати экологӣ тоза, дар масоҳати 687 гектар кишти пиёз гузаронида, то имрӯз 23820 тонна пиёз истеҳсол намудаанд.
Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулин ва мутахассисони соҳа ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти аълосифати худӣ ва ҳамзамон ташкили ярмаркаҳои фурӯши маҳсулот дар ҷойҳои муайян ҷиҳати дастрасии аҳолӣ бо маводи ғизоии нисбатан арзон дастуру супориш дод.
Боздид аз вазъи захираи маводи зиддилағжиш ва ҳолати тайёрии техникаҳои хоҷагии роҳҳо ва кишоварзӣ
Ҳамзамон рӯзи 5 октябр роҳбари гурӯҳи корӣ ҷиҳати огоҳӣ аз вазъи захираи маводи зиддилағжиш ва ҳолати тайёрии техникаҳои кишоварзӣ аз Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои автомобилгарди ноҳия дидан намуд. Маълумот дода шуд, ки дар мувозинати муассисаи мазкур 964,9 километр роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум мавҷуд буда, аз ин 32,4 километр роҳҳои аҳаммияти байналмилалидошта, 5,7 километр роҳҳои ҷумҳуриявӣ, 216,9 километр роҳҳои маҳаллӣ, 706,1 километр роҳҳои байни хоҷагиҳо ва 3,8 километр роҳҳои хоҷагии коммуналӣ мебошанд. Инчунин дар муассиса барои омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 чораҳои зарурӣ андешида шуда, 380 метри мукааб маводҳои зиддилағжиш, 4 метри мукааб ҳезум, 5 тонна ангишт ва 2000 литр сӯзишвории дизелӣ захира карда шудааст, ки тибқи нақша иҷрои он 100 фоизро ташкил медиҳад. Дар самти нигоҳдории роҳҳо бошад, дар муассиса 6 адад техника дар ҳолати корӣ қарор доранд. Ҳамзамон дар муассиса барои ҷамъоварии ҳосил ва гузаронидани кишти тирамоҳӣ техникаҳои кишоварзӣ омода карда шудаанд.
Вохӯрӣ бо афсарону сарбозон ва боздид дидбонгоҳи сарҳадӣ
Дар идомаи сафар намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ аз дидбонгоҳи сарҳадии 6-уми "Тоҷикон", қисми ҳарбии 0214-и Раёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуда, бо афсарону сарбозони қисми ҳарбии мазкур вохӯрӣ ва суҳбати гарму самимӣ анҷом дод.
Дар ибтидо роҳбари гурӯҳи корӣ тамоми афсарону сарбозонро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ табрику шодбош гуфта, онҳоро дар роҳи пуршарафи содиқонаву софдилона хизмат намудан ба Ватан ҳидоят намуд.
Ҳамзамон бо мақсади шиносоӣ аз вазъи хизмати сарбозон, аз ошхона, анбори нигоҳдории маҳсулоти ғизоӣ ва синфхонаҳои дарсӣ дидан карда шуда, ҳамзамон ба муносибати Рӯзи забон ба қисми ҳарбии мазкур кӯмак дар шакли маводи ғизоӣ расонида шуд.
Иштирок дар ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия давоми 9 моҳи соли 2023
6 октябр дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷаласа оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар нуҳ моҳи соли 2023 бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Ҷамшед, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ҳокимбек Накҳатзода, раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Қудратзода Тоҳир Толибӣ, муовинони раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ ва маорифи ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва фаъолони ноҳия баргузор гардид.
Дар ҷаласа натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти бахшҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар нуҳ моҳи соли 2023 мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор гирифтанд.
Муталибзода Зумрад Муталиб – муовини раиси ноҳия аз рӯи ин масъала дар ҷаласа гузориш дод. Таъкид шуд, ки сарфи назар аз камбудиву мушкилотҳо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов дар нуҳ моҳи соли 2023 ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.
Аз ҷониби роҳбари гурӯҳи корӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов, намояндагони мақомоту идораҳои дахлдор ва фаъолони ноҳия оид ба таъмини иҷрои барқияи ҳукуматӣ дар самти иҷрои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2023, вусъат бахшидан ба корҳои ободонию бунёдкорӣ, хусусан ҷиҳати истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои нақшаи ҷамъоварии андозҳо, андешидани тадбирҳои зарурӣ ва саривақтӣ ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024, назорати истифодаи самаранок ва оқилонаи неруи барқ, истифодаи оқилонаи замин, кишти такрорӣ, сари вақт ҷамъоварӣ кардани ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ, махсусан пахта, ташкили ярмаркаҳои фурӯши маҳсулот дар бозорҳо, пешгирӣ аз болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ, ҷоннок намудани фаъолияти сусти корхонаҳои саноатӣ, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ, пешгирии ҷиноят аз тарафи шаҳрвандон, дар муҳлатҳои муайяншуда сохта ва ба истифода додани иншоотҳои ҷашнӣ ва дигар масъалаҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Қадрдонии омӯзгорони фаъол
Дар пайравӣ ба сиёсати хирадмандонаву маорифпарваронаи Асусгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ раҳмон рӯзи 6 октябр аз ҷониби намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Гурӯҳи корӣ, Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Ҷамшед ва раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Қудратзода Тоҳир Толибӣ дар толори дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов як қатор омӯзгорони фаъоли муассисаҳои таълимии ноҳия аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои натиҷаҳои назаррас доштан самти пешрафти соҳаи маориф, таълиму тарбияи насли оянда ва ба воя расонидани нерӯи тавонои ватандӯсту ватанпарвар бо сипосномаҳо ва мукофотҳои молиявӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Нашр шудааст: 10.10.2023