Амалигардонии ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар имкон медиҳад, ки
рушди устувори соҳаи саноат ҳамчун тавлидкунандаи арзиши баланди иловашуда таъмин
гардида, дар ин раванд даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил карда шавад.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар панҷ моҳи соли равон дар Тоҷикистон корхонаҳои саноатӣ якҷо соҳибкорони хусусӣ ба маблағи 16 миллиарду 656,3 миллион сомонї маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиарду 155,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ҳамчунин суръати афзоиш бо назардошти нархҳои қиёсӣ дар сатҳи 9,0 фоиз таъмин гардидааст.
Дар ин бора сардори Раёсати омори саноат ва сармоягузорӣ дар сохтмони Агентии омор Фирдавс АСМАТБЕКЗОДА дар суҳбати ихтисосӣ бо хабарнигори маҷаллаи “Ҳарфи омор” иттилоъ додааст.
Аслан рушди босуботи соҳаи саноат барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он заминаи мусоид мегузорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар баробари дигар соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар ба эҳёву рушди соҳаи саноат таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар ин самт пайваста тадбирҳои зиёдеро роҳандозӣ менамояд.
Дар ин асно метавон зикр намуд, ки бо мақсади иҷрои вазифаҳои гузошташуда дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 26 декабри соли 2018 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, бо дарназардоштани аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон намуданд.
Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки дар соҳаи саноати кишвар айни замон Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 амалӣ гардида истодааст, ки Стратегияи мазкур ба афзун намудани ҳаҷми маҳсулот, таъмини рақобатнокии он, ташкили корхона ва коргоҳҳои нав бо таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ҳал намудани вазифаҳои иҷтимоии давлат мусоидат намуда, барои гузариши иқтисодиёти кишвар аз шакли тавлидкунандаи ашёи хом ба истеҳсолкунандаи маҳсулоти ниҳоӣ замина мегузорад.
“Саноати кишвар омили муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ буда, ҳиссаи он дар маҷмўи маҳсулоти дохилӣ ҳарсола ба тадриҷ зиёд гардида истодааст. Қайд намудан бамаврид аст, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз 15,1 миллиард сомонии соли 2016 то ба 43,0 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расонида шуд, ки суръати рушд 2,8 баробар зиёд гардид” – иттилоъ додааст, Фирдавс Асматбекзода, сардори Раёсати омори саноат ва сармоягузорӣ дар сохтмони Агентии омор.
Ба иттилои сардори Раёсат дар панҷ моҳи соли 2023 бошад, омили асосии рушди суръати соҳаи саноат асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми саноати истихроҷ – 2,8 фоиз, саноати коркард – 12,8 фоиз, таъминоти нерўи барќ, газ, буѓ ва тозакунии ҳаво – 13,1 фоиз ба амал омадааст.
“Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар сухарониҳои хеш, зимни сафарҳои корӣ ба вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба масъулин барои пешрафти ин бахши муҳими иқтисоди кишвар дастуру супоришҳои судманд ироа менамоянд.
Аз ин лиҳоз, амалишавии пайдарпайи чорабиниҳо оид ба рушди соњаи саноат дар кишвар ба афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатии минтаќаҳои ҷумҳурӣ мусоидат менамояд, ки дар панҷ моҳи соли равон суръати рушди соҳаи саноат дар вилояти Суѓд нисбати ҳамин давраи соли гузашта 108,8 фоиз, вилояти Хатлон 112,4 фоиз ва шаҳри Душанбе 121,6 фоиз баланд гардида, дар НТҶ бошад, ба 92,6 фоиз ва ВМКБ ба 89,6 фоиз баробар гардид.
Дар давраи ҳисоботӣ 3174 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои истихроҷ - 301 адад, коркард - 2706 адад, таъминоти нерўи барқ, газ, буѓ ва тозакунии ҳаво - 71 адад ва таъминоти об ва коркарди партовҳо - 96 адад фаъолият намудаанд.
Аз ин шумора 986 адад (31,1 фоиз аз шумораи умумии корхонаҳо) ба вилояти Суѓд, 781 адад (24,6 фоиз) – ба вилояти Хатлон, 710 адад (22,4 фоиз) – ба ш.Душанбе, 607 адад (19,1 фоиз) – ба НТҶ ва 90 адад (2,8 фоиз) – ба ВМКБ рост меоянд”- иттилоъ додааст Асматбекзода.