Аз 19 то 21 марти соли ҷорӣ Нурмаҳмадзода Ҷамшед Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Гурӯҳи кории ҳукуматӣ бо мақсади боздид аз рафти иҷрои корҳои ободкорию созандагӣ ба истиқболи сазовори ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ, иштирок дар тантанаҳои ҷашни бостонии Наврӯз ва суҳбату мулоқот бо сокинон, дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд сафари корӣ анҷом доданд.
Мавриди зикр аст, ки дар рафти ин сафар Директори Агентии омор бо шароити корӣ ва фаъолияти кормандони мақомоти омори ноҳияҳои Айнӣ ва Шаҳристон шинос шуданд.
Нурмаҳмадзода Ҷамшед дар вохӯрӣ бо онҳо оид ба таъмини шаффофияти маълумотҳо, хусусан баҳисобгирии дурусти саршумори чорво, муқоисапазирии шумори чорво бо маълумоти ҷамоатҳо, гузаронидани таҳқиқоти саҳеҳ дар бозорҳо, мағозаву ошхонаҳо ва васеъ намудани фарогирӣ ба таҳқиқот, баҳисобгирии дурусти заминҳои кишт, махсусан кишти баҳорӣ, тозаву озода нигоҳ доштани саҳни бино ва утоқҳои корӣ ва риояи интизоми меҳнат дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.
Аёдати ниёзмандону ятимон дар рӯзҳои иди Наврӯз
Даст ба амали хайру савоб дароз кардан аз суннатҳои неки тоҷикон ба шумор меравад. Дар арафаи ин ё он ҷашнҳоимиллӣ аёдати шахсони бемору барҷомонда, ятиму бепарастор аҷру савоби бештар дорад.
Роҳбари Гурӯҳи корӣ, Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Ҷамшед дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо риояи анъанаи неки ниёгон, бо такя ба иқдомҳои хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии шахсони ниёзманд, ба аёдати собиқадорони меҳнат, беморон, маъюбон ва ятимон рафта, дар арафаи ҷашни бостонии Наврӯз бо дастрас намудани маводи ғизоӣ хотири онҳоро болида гардониданд.
Дар ҷавоб ба ин ғамхориҳои давлат аёдатшудагон шукронаи тинҷиву амонии кишварро намуда, афзуданд, ки ин дастгириву ғамхориҳои пайваста аз сиёсати хирадмандона ва инсонпарваронаи Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар дарак медиҳад.
Шиносоӣ бо кори кишоварзон
Дар ҷараёни ин сафар роҳбари Гурӯҳи корӣ Нурмаҳмадзода Ҷамшед аз ҳолати истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ ва кишти зироатҳои кишоварзӣ дар гармхонаи деҳқоқнон - Эшонқулов Абдукарим ва Сатторов Қӯзимурод, кишти сабзавоти барварқтии хоҷагии деҳқонии “Висол”, воқеъ дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Деҳмой ва фермаи парвариши чорвои калони шохдори хоҷагии деҳқонии “Чорводор”, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Гулхона дидан намуда, оид ба истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин, махсусан заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасони аҳолӣ, кишти картошка, сабзавот, ғалладонагиҳо ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин кишти такрорӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ҳамзамон роҳбари Гурӯҳи корӣ Нурмаҳмадзода Ҷамшед аз рафти корҳои сохтмонӣ дар ҳавзи моҳипарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Корпоратсияи моҳии тоҷик” дар ҳудуди деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ва бунёди 150 гектар токзори нав дар ҳудуди Рухаки Ҷамоати деҳоти Деҳмой ва обёрӣ намудани он дидан намуда, бобати вусъат додани корҳои нақшавӣ дар самти таъсис, муҷаҳҳазгардонӣ ва омодасозии иншоотҳои ташрифотӣ, таъмиру мумфаршкунии роҳҳо ва анҷом додани корҳои ободониву сабзкорӣ супоришҳои мушаххас манзур намуд.
Боздид аз дидбонгоҳи сарҳадӣ
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии моддӣ ва маънавии афсарону сарбозон, роҳбари Гурӯҳи корӣ Нурмаҳмадзода Ҷамшед аз Дидбонгоҳи наздисарҳадии қисми ҳарбии 1402-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуд.
Зимни боздид аз дидбонгоҳи мазкур, бо шарту шароити хизматии сарбозон аз наздик шинос шуда, ҳамчунин дар арафаи ҷашни Наврӯз ба онҳо кӯмаки яквақтаи ғизоӣ расонида шуд.
Нурмаҳмадзода Ҷамшед зимни вохӯрӣ бо афсарону сарбозон таъкид дошт, ки давлату Ҳукумати мамлакат тайи даврони соҳибистиқлолӣ ба таҳкиму таъмини ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои хизмат ва зиндагии ҳайати шахсӣ таваҷҷуҳи доимӣ ва аввалиндараҷа дода, дар тамоми мавзеъҳои сарҳади давлатӣ дидбонгоҳҳои нави сарҳадӣ ва дигар иншооти заруриро бунёд ва ҷузъу томҳои марзбониро бо техникаву таҷҳизоти муосир, силоҳу муҳиммоти ҷангӣ ва дигар ашёву лавозимоти ҳарбӣ таъмин намуда истодааст.