Кишоварзӣ яке аз соҳаҳои асосии иқтисодиёти кишвар ба ҳисоб рафта, фаровонии бозори истиеъмолии мамлакат ва дастархони мардум аз рушди ин соҳа вобастагӣ дорад.
Дар 11 моҳи соли 2023 тибқи маълумоти оморӣ ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ афзуда, он ба 57 миллиарду 243,9 миллион сомонӣ расонида шуд, ки 7,8 фоиз нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад. Аз маҷмӯи маҳсулоти истеҳсолгардида 16 миллиарду 256,8 миллион сомонӣ ё 28,4 дарсадашро маҳсулоти соҳаи чорводорӣ ташкил медиҳад.
Чорводорӣ яке аз соҳаидаромадноки хоҷагии халқи кишвар ба ҳисоб рафта, он метавонад, сокинони кишварро бо гӯшту шир ва пашм таъмин намуда, дар пешрафти иқтисодиёти кишвар саҳм гузорад. Вусъат бахшидан ба рушди ин соҳаи муҳим пеш аз ҳама, барои таъмини амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти беандоза дорад.
Дар соҳаи кишоварзӣ истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ барои расидан ба амнияти ғизоӣ самти муҳим ба ҳисоб меравад.
Кишоварзони мамлакат то 1 декабри соли равон дар майдони 16 ҳазору 393 гектар кишти барвақтии зироатҳо гузаронидаанд, ки аз ин 3 ҳазору 137 гектарашро кишти барвақтии зироатҳои хӯроки чорво ташкил медиҳад.
Дар 11 моҳи соли ҷорӣ 1 миллиону 680 ҳазору 798 тонна хӯроки чорво истеҳсол гардидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 4,8 фоиз зиёд мебошад.
То 1 декабри соли 2023 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ саршумори чорвои калони шохдор 2 миллиону 631,1 ҳазор сарро ташкил кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 123,7 ҳазор сар ё 4,9 фоиз зиёд аст. Дар ҳамин давра саршумори гўсфанду буз 6 миллиону 607,5 ҳазор сарро ташкил дода, 353,4 ҳазор сар ё 5,7 фоиз афзудааст. Аз саршумори умумӣ, 93,3 фоизи саршумори чорвои калони шохдор ва 81,7 фоизи саршумори гўсфанду буз ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост омадааст.
Саршумори чорвои калони шохдор дар хоҷагиҳои ВМКБ 6,1 фоиз, вилоятҳои Суғд 4,4 фоиз, Хатлон 5,6 фоиз ва НТҶ 4,3 фоиз зиёд гардидааст.
Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли гўшти чорвои калон ва майда (дар вазни зинда) дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ 275909 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-юм 15,0 фоиз зиёд мебошад. Афзоиши истеҳсоли гўшти чорвои калон ва майда дар хоҷагиҳои вилоятҳои Хатлон 19,0 фоиз, Суғд 10,4 фоиз, ВМКБ 1,6 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 7,1 фоиз зиёд шудааст.
-
Ҳаҷми умумии истеҳсоли шир дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар моҳҳои январ - ноябри соли 2023 - юм 946198 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 -юм 5,2 фоиз зиёд мебошад. Истеҳсоли шир дар хоҷагиҳои ВМКБ 1,1 фоиз, вилоятҳои Хатлон 5,5 фоиз, Суғд 4,5 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 6,0 фоиз афзудааст.
Ҳаҷми истеҳсоли пашм 8124,5 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 -юм 4,7 фоиз зиёд аст. Истеҳсоли пашм дар хоҷагиҳои вилоятҳои Хатлон 4,0 фоиз, Суғд 2,4 фоиз, ВМКБ 1,0 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 15,2 фоиз зиёд гардидааст.