Дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ баҳисобгирии оморӣ, бояд ҳатмӣ, пурра ва бе нуқсон амалӣ гардад. Мақомоти давлатӣ дар ин бобат ва ҳамчунин ҷиҳати ба стандартҳои байналхалқӣ мутобиқ будани ҳисоботи муҳосибавӣ бояд тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Эмомалӣ Раҳмон

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР АГЕНТИИ ОМОР

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — рамзи садоқат ва вафодорӣ ба Ватан, Президент ва миллат буда, дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ баргузор намудани он нишонаи шукргузорӣ аз озодиву соҳибихтиёрӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои давлатдориву соҳибистиқлолӣ арзёбӣ мегардад.
  • Ба ҳамин хотир, имрӯз дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд.
Дар ҳамоиш роҳбарият, кормандони Агентӣ ва Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло ширкат доштанд.
Директори Агентии омор Нурмаҳмадзода Ҷамшед бо сухани табрикии хеш ин санаи фархундаро ба аҳли нишаст таҳният гуфта, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашни ҳар шаҳрванди худшиносу ватандӯст ва санаи ифтихорӣ барои ҳар сокини озоду осудаи Тоҷикистони навин унвон намуд.
Ҳамзамон дар суханронии табрикӣ Директори Агентии омор Нурмаҳмадзода Ҷамшед дар бораи саҳми арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи эҳё ва ташаккули давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ибрози назар кард.
  • “Таҷлил аз Рӯзи Президент нишони эҳтирому эътирофи мардум аз хидматҳои шоёни Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи эъмори давлати соҳибихтиёру демократӣ, таъмини сулҳу суботи сартосарӣ, рушди бемайлони тамоми бахшҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар мебошад” – таъкид намуд Директори Агентӣ.
Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло таҷлили Рӯзи Президентро арҷгузорӣ ба хидматҳои бузурги Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуд, ки умри хешро сарфи роҳи ободии Ватану хушбахтии миллат намудаанд.
  • “Ба андешаи банда, вижагии аввалро дар сиришти инсонӣ ва шахсияти Эмомалӣ Раҳмон бояд ҷуст. Аз ҳамон муҳити Иҷлосияи таърихии шонздаҳум, аз ҳамон муҳити номуайяниву шубҳаноку таҳдидоваре, ки дигарон худро канор гирифтаву тарсиданд масъулияти ватандориро ба зимма гиранд, аммо ӯ бебокона, ҷоннисорона бархоставу масъулиятро ба зимма гирифт ва табиист, ки он лаҳза на дар гумони ӯ, на дар гумони дигарон ҳадафи соҳиби тоҷу тахт шудан набуд. Он вақт ҳадаф ҳамин якто буд: наҷот додани Тоҷикистон. Ҳамин ҷасорати ватандӯстонае, ки ӯро ба по хезонд, ҳамеша бо ӯ монд ва минбаъд шоҳиди садҳо рафтору кирдорҳое гардидем, ки ҷасоратро ба чашми мо ҳар гоҳ дурахши тоза медоданд”- иброз дошт Камол Насрулло.
Ҳамзамон дар ҳамоиш як қатор кормандони Агентӣ доир ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории миллӣ, ҷанбаҳои муҳими ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди соҳаҳои ҳаётан муҳими мамлакат ибрози андеша намуданд.
 
Нашр шудааст: 17.11.2023