Санаҳои 14 – 25 феврали соли 2022 Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати иҷрои саривақтии чорабиниҳои лоиҳаи Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ (ФАО) оид ба “Баҳодиҳии таъсири COVID-19 ба низоми озуқаворӣ ва амнияти озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, семинарҳои омўзиширо оид ба «Истифодаи ҷадвали таҷрибавии амнияти озуқаворӣ (FIES), индикатори 2.1.2. Ҳадафҳои рушди устувор» ва ворид кардани он ба таҳқиқоти буҷети хонаводаҳо барои иқтисодчиёни буҷети хонаводаҳои Сарраёсатҳои Агентии омор дар вилоятҳо, ВМКБ, ш.Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ гузаронид.
Семинари мазкур аз тарафи коршиносони Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ (ФАО) ва коршиносони миллӣ аз Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаҳои 14-15 феврали соли 2022 дар Сарраёсати Агентии омор дар вилояти Суғд шаҳри Хуҷанд барои 25 нафар кормандони таҳқиқоти буҷети хонаводаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, санаҳои 18-19 феврали соли 2022 дар Сарраёсати Агентии омор дар вилояти Хатлон шаҳри Бохтар барои 25 нафар кормандони таҳқиқоти буҷети хонаводаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва санаҳои 24-25-уми феврали соли 2022 дар шаҳри Душанбе барои кормандони таҳқиқоти буҷети хонаводаҳои ВМКБ - 7 нафар, ш. Душанбе - 6 нафар ва НТҶ - 11 нафар гузаронида шуд.
Мақсади асосии семинари мазкур баланд бардоштани иқтидори кормандони таҳқиқоти буҷети хонаводаҳо дар самти истифодаи дурустӣ гузаронидани пурсиши аҳолӣ оид ба ноамнии озуқаворӣ дар хонаводаҳо, ки бо сабабҳои норасоии пул ва захираи нокифояи озуқаворӣ, ки боиси ноамнии озуқаворӣ дар хонаводаҳо мегардад, мебошад.
Бояд зикр намуд, ки модули мазкур аввалин маротиба дар кишварҳои ИДМ дар Тоҷикистон мавриди омўзиш ва барои ворид намудан ба таҳқиқоти буҷети хонаводаҳо қарор дода шудааст.
Истифодаи модули мазкур дар доираи Таҳқиқоти буҷети хонаводаҳо имконият медиҳад, ки индикатори 2.1.2. Ҳадафҳои рушди устувор таъмин карда шавад ва ҳамчунин вазъи ноамнии озуқаворӣ дар сатҳи хонаводаҳо, ки омилҳои гуногуни таъсиррасон ба қобилияти харидории хурокворӣ, ҳамчунин аз даст додани кор ё дигар манбаи даромад, бар замми ин дигар омилҳои бепулӣ, норасоии озуқаворӣ, истеҳсолоти нокифоя барои истеъмолоти худӣ, ѓайриимкон гардидани таъминнамоии худ бо воситаҳои озуқаворӣ, қатъи алоқаи иҷтимоӣ, аз даст додани имтиёзҳои оддии кўмаки озуқаворӣ, бўҳрони экологӣ ва иқтисодӣ мавриди таҳлил қарор дода шаванд.
Аз рўи натиҷаи семинарҳои омўзишӣ тасмим гирифта шуд, ки дар моҳҳои март, апрел ва май пурсиши хонаводаҳои дар 3000 хонаводаҳои таҳқиқоти буҷети хонаводаҳо ҳамчун модули нав гузаронида шавад.