Дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ баҳисобгирии оморӣ, бояд ҳатмӣ, пурра ва бе нуқсон амалӣ гардад. Мақомоти давлатӣ дар ин бобат ва ҳамчунин ҷиҳати ба стандартҳои байналхалқӣ мутобиқ будани ҳисоботи муҳосибавӣ бояд тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Эмомалӣ Раҳмон

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ АГЕНТИИ ОМОР ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА НАВКУНИИ НИЗОМИ ОМОР ДАР ШАҲРИ РИГАИ ҶУМҲУРИИ ЛАТВИЯ

26 сентябри соли 2023 дар шаҳри Ригаи Ҷумҳурии Латвия чорабинии сатҳи баланд барои роҳбарони мақомоти омори давлатҳои ҳамсоякишвари шарқии сиёсати аврупоӣ ва Осиёи Марказӣ дар мавзӯи “Навкунии низоми оморӣ” оғоз гардид.
Дар рӯзи аввали чорабинӣ ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Ҷамшед дар мавзӯи “Навкунии низоми омори миллӣ”, натиҷаҳои сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва дастовардҳои соҳа сухан намуд.
Чорабинии сатҳи баланд дар мавзӯи “Навкунии низоми оморӣ” ҳамасола аз ҷониби Омори Аврупо дар ҳамкорӣ бо Ассотсиятсияи савдои озоди Аврупо (EFTA) ва Комиссияи иқтисодии Аврупоии СММ (UNECE) баргузор гардида, ба мақомотҳои омори давлатҳо имкон медиҳад, ки тамоми мушкилиҳо ва дастовардҳои соҳаи оморро мавриди баррасӣ қарор диҳанд. Ҳадафи асосии ҷаласаи навбатӣ, ин баррасии масъалаҳои рушди соҳаи омор давоми 12 моҳи охир ва ҳамкориҳои байналмиллалӣ барои пешбурди низоми омор арзёбӣ мегардад.
Чорабинии мазкур то 28 сентябр идома ёфта, намояндагони мақомоти омори Тоҷикистон рӯнамои навбатии худро оиди дастовардҳо ва нақшаҳои минбаъдаи навкунии низоми омори миллӣ пешниҳод хоҳанд кард.
  • Дар доираи чорабинӣ вохӯрии ҳайати Агентии омор бо намояндагони Омори Аврупо, Комиссияи иқтисодии Аврупоии СММ, оҷонсиҳои омори кишварҳои дигар, инчунин табодули афкор оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои минбаъда дар назар аст.
Нашр шудааст: 26.09.2023