Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

Маҷмӯаи «Кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз чоп баромад

Дар маҷмӯаи оморӣ нишондиҳандаҳои асосие, ки иқтисодиёти бахши аграрии
Тоҷикистонро дар солҳои 1991, 2012-2017 тавсиф мекунад, нашр мешаванд.

Дар маҷмӯа ёддошти мухтасари таҳлилӣ оид ба вазъи кишоварзӣ, шарҳи методологӣ ба истилоҳоти оморӣ,
ҳамчунин маълумотҳо бо динамика, маълумотҳо дар бораи андозаи масоҳати умумии замин ва заминҳои киштбоб,
замини кишт ва сохтори онҳо аз рӯи зироатҳо ва бахшҳо, дар бораи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти умумии кишоварзӣ
ва индексҳои ҳаҷми маҳсулот аз рӯи соҳаҳо ва бахшҳо, истеҳсол ва ҳосилнокии зироятҳои кишоварзӣ, истифодаи нуриҳои
маъданӣ ва порӯҳои органикӣ, саршумор ва маҳсулнокии чорво, мавҷудияти техникаи кишоварзӣ,
рушди корхонаҳои шакли нави моликият, аз ҷумла хоҷагиҳои деҳқонӣ оварда шудааст.

Нашр шудааст: 16.08.2018