Мутобиқи қонунгузорӣ тамоми корхонаҳо, ташкилотҳо, муассисаҳо ва умуман ҳамаи субъектҳои истеҳсоливу ғайриистеҳсолӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон бояб ба мақомоти оморӣ ҳисоботи заруриро саривақт, пурра ва ба таври дақиқ пешниҳод намоянд.

Эмомалӣ Раҳмон

Маҷмӯаи «Саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чоп баромад

Маҷмӯаи омории «Саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон» маълумотҳои рушди саноатро дар динамикаи солҳои 2012-2017 дар бар мегирад.

Дар маҷмӯа маълумот дар бораи истеҳсоли маҳсулоти саноати истихроҷи маъдан, саноати коркард ва истеҳсол ва тақсимоти қувваи барқ, газ ва об иттилоот пешниҳод карда шудааст. Оид ба бахши ғайридавлатии саноат маълумотҳо оварда мешаванд.

Дар баробари ин, дар маҷмӯа оид ба истеҳсоли маҳсулот чӣ дар шакли аслӣ - натуралӣ, чӣ бо ифодаи арзишӣ дар минтақаҳо маълумотҳо ҷой дода шудаанд; индексҳои нархҳои яклӯхт дар ҳар соҳаи саноат ва намудҳои маҳсулот, воридот, содироти намудҳои асосии маҳсулоти саноатӣ оварда шудаанд.

Нашр шудааст: 14.09.2018