Дар шароити муносибатҳои иқтисоди бозорӣ бе ҳисобу китоб, таҳлили натиҷаҳои кор ва ба нақша гирифтани имкониятҳо пешрафти мунтазамро таъмин намудан ғайриимкон мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Маҷмӯаи «Саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чоп баромад

Маҷмӯаи омории «Саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маълумотҳои рушди саноатро дар қаторҳои динамикии солҳои 1991-2020 дар бар мегирад. Дар маҷмӯа маълумот дар бораи истеҳсоли маҳсулоти саноати истихроҷи маъдан, саноати коркард ва истеҳсол ва тақсимоти нерӯи барқ, газ ва об иттилоот пешниҳод карда шудааст. Оид ба бахши ғайридавлатии саноат маълумотҳо оварда мешаванд.

Дар баробари ин, дар маҷмӯа оид ба истеҳсоли маҳсулот чӣ дар шакли аслӣ - натуралӣ, чӣ бо ифодаи арзишӣ дар минтақаҳо маълумотҳо ҷой дода шудаанд; индексҳои нархҳои яклӯхт дар ҳар соҳаи саноат ва намудҳои маҳсулот, воридот, содироти намудҳои асосии маҳсулоти саноатӣ оварда шудаанд.

Нашр шудааст: 21.07.2021