Мутобиқи қонунгузорӣ тамоми корхонаҳо, ташкилотҳо, муассисаҳо ва умуман ҳамаи субъектҳои истеҳсоливу ғайриистеҳсолӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон бояб ба мақомоти оморӣ ҳисоботи заруриро саривақт, пурра ва ба таври дақиқ пешниҳод намоянд.

Эмомалӣ Раҳмон

Маҷмӯаи «Ҳисобҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз чоп баромад

Маҷмӯаи  омории  «Ҳисобҳои  миллии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон»  маълумотҳои
умумикардашудаи солҳои 2012 - 2017-ро аз рӯи низоми ҳисобҳои миллӣ дар бар мегирад, натиҷаҳои ҳисобҳои Маҳсулоти Умумии Дохилӣ (МУД)-яке аз нишондиҳандаҳои муҳимтарини низоми ҳисобҳои миллӣ (НҲМ) мебошад, ки вазъи иқтисодӣ - иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тавсиф менамоянд.

Дар маҷмӯа ҳисобҳои асосии миллӣ (ҲАМ), ки дар омори ҷаҳонӣ ба таври васеъ истифода мешаванд - низоми нишондиҳандаҳои ба ҳам алоқаманд, барои тасвир ва таҳлили равандҳои макроиқтисодиёти давраи гузариш ҷой дода шудаанд.

Мураттаб сохтани ҳисобҳои нишондиҳандаҳои низоми ҳисобҳои миллӣ асосан ба методология ва тавсияҳои НҲМ – 93 асоснок карда шуданд.

Нашр шудааст: 01.12.2018