Мутобиқи қонунгузорӣ тамоми корхонаҳо, ташкилотҳо, муассисаҳо ва умуман ҳамаи субъектҳои истеҳсоливу ғайриистеҳсолӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон бояб ба мақомоти оморӣ ҳисоботи заруриро саривақт, пурра ва ба таври дақиқ пешниҳод намоянд.

Эмомалӣ Раҳмон

Маърӯзаи «Вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои моҳҳои январ-декабри соли 2019 аз чоп баромад

Нашрияи ҳармоҳаи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи иттилооти таъҷилиро оиди вазъи иҷтимоию иқтисодии мамлакат, субъектҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳаҳо ва бахшҳои иқтисодиро барои моҳи охири ҳисобот ва аз аввали сол дар бар мегирад.

Дар нишондиҳандаҳои асосии иҷтимоию иқтисодӣ динамика аз рӯи моҳҳои соли ҷорӣ ва гузашта оварда мешавад. Агентии омор гузоришро дар асоси маълумотҳои вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшуда, таҳия менамояд.

Дар гузориш оид ба соҳаҳои муҳимтарини истеҳсолот, нақлиёт ва алоқа, робитаҳои иқтисодии хориҷӣ, бозори истеъмолӣ, нарх, молия, бозори меҳнат, сатҳи зиндагии аҳолӣ, иттилооти васеъ пешниҳод карда мешавад.

Фарохонии Маърӯза

Нашр шудааст: 14.01.2020