Мутобиқи қонунгузорӣ тамоми корхонаҳо, ташкилотҳо, муассисаҳо ва умуман ҳамаи субъектҳои истеҳсоливу ғайриистеҳсолӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон бояб ба мақомоти оморӣ ҳисоботи заруриро саривақт, пурра ва ба таври дақиқ пешниҳод намоянд.

Эмомалӣ Раҳмон

Маҷмӯаи «Тоҷикистон ва давлатҳои ИДМ» аз чоп баромад

Нашрияи мазкур натиҷаи ҳамкории Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи байнидавлатии омори мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад.


Маҷмӯа  хусусияти  муқоисавии  нишондиҳандаҳои  асосии  иқтисодиву-иҷтимоии Тоҷикистон ва дигар мамлакатҳои ИДМ-ро барои солҳои 2011-2017 дар бар мегирад. Дар он оид ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодиёт, истеҳсолоти саноатӣ ва кишоварзӣ, оид ба фаъолияти сохтмон, нақлиёт, бозори истеъмолӣ, фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва омори иҷтимоӣ маълумот оварда шудааст.

Манбаи иттилоот маълумотҳои расмии хадамоти миллии омории мамлакатҳои ИДМ мебошад.

Нашр шудааст: 29.12.2018